250 нафар тайи як ҳафта қурбонии ҳаводиси тирандозӣ дар Амрико шуданд
Беш аз 250 нафар дар ҳафтаи таътилоти соли нав дар саросари ин кишвар дар хушунатҳои мусаллаҳона кушта шуданд.
Озод будани ҳамли силоҳ дар Амрико боиси вуқуъи хушунатҳои мусаллаҳона ва тирандозӣ дар саросари ин кишвар аст, ки ҳаррӯз қурбонӣ мегирад.
Созмони «архиви хушунат бо аслиҳа» дар Амрико дар гузорише эълом кард, теъдоди куштаҳои ҳама қатлҳо ва тирандозиҳои ғайриамд , 255 нафар буда, ки ин рақам шомили 12 тирандозии дастаҷамъӣ аст. Ин гузориш ҳамчунин эълом кард, ки 396 нафар низ аз аслиҳа барои худкушӣ истифода карданд.
Дар гузориши Созмони архиви хушунат бо аслиҳа дар Амрико омадааст, 550 нафари дигар бар асари истифода аз аслиҳа дар ҳамин муддат захмӣ шудаанд.
Дар миёни қурбониён ҳафт кӯдаки зери 11 сол ва низ теъдоде навҷавони 12 то 17 сола вуҷӯд доранд. Архиви хушунати аслиҳа, рӯзонаи оморӣ аз куштаҳо ва ҷароҳоти ношӣ аз аслиҳа дар саросари Амрикоро аз 7500 манбаъ ҷамъоварӣ мекунад.