Зилзилаи 7.7 рихтерӣ шарқи Индонезияро ларзонд
(last modified Tue, 10 Jan 2023 05:56:50 GMT )
Январ 10, 2023 10:56 Asia/Dushanbe
  • Зилзилаи 7.7 рихтерӣ шарқи Индонезияро ларзонд

Зилзилае ба бузургии 7.7 дар миқёси амвоҷи дарунии замин ( Рихтер ) шарқи Индонезияро ларзонд .

Ба гузориши хабаргузории Райтер, маркази ларзанигории Аврупо-баҳри Миёназамин  эълом кард ин зилзила дар умқи 97 километрии замин дар минтақа « Тонибор » дар шарқи Индонезия рух дод .
Ҳануз ҷузъиёти бештаре дар бораи хисоратҳои эҳтимолии ин заминларза гузориш нашудааст .
Маркази ларзанигории Индонезия бо эъломи инки қудрати ин заминларза 7.9  Рихтер буда, нисбат ба вуқуъи суномӣ дар минтақаи Тонибор ҳушдор додааст .
Дар соли 2004 заминларзае ба бузургии 9.1 Рихтер савоҳили Сомотроро ларзонд, ки суномии эҷодшуда дар асари ин заминларза мунҷар ба кушта шудан беш аз 220 ҳазор нафар шуд .


Бештар бихонед :