Декабр 13, 2016 15:32 Asia/Dushanbe
  • Роналдо барандаи “Тӯби тиллоӣ- 2016”

Тӯби тиллоии беҳтарин бозикуни футболи соли 2016 ба Кристино Роналдо, муҳоҷими португалии тими “Реал – Мадрид” расид.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, маҷаллаи “Франс футбол”, ки раъйгирӣ дар бораи тӯби тиллоиро баргузор мекунад, Кристиано Роналдоро ба унвони шастуякумин барандаи бузургтарин ҷоизаи фардии футбол эълом кард.

Ин чаҳорумин тӯби тиллоии Ронолдо баъд аз солҳои 2008, 2013 ва 2014 аст.

Ин бозикун соли 2016 бо тими миллии Португалия дар мусобиқоти Евро бо “Реал- Мадрид” дар Лигаи қаҳрамонони Аврупо ба қаҳрамонӣ расид.

Дар 10 соли ахир афзун бар Кристиано Роналдо, Лионел Мессии аргентинӣ барои чаҳор давра, Кокои бразилӣ як давра ва Фабиои италияӣ низ як давра барандаи тӯби тиллоӣ будаанд.