Июл 28, 2016 20:17 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимолияти фирори Гулен аз Амрико

Дар ҳоле ки Туркия дар рӯзҳои ахир ва дар пайи табаддулоти нофарҷом дар ин кишвар борҳо аз Ҳукумати Амрико хостааст, Фатҳуллоҳ Гуленро ба ин кишвар таҳвил диҳад, вазири адлияи Туркия имрӯз аз дастёбӣ ба иттилооте хабар дод, ки нишон медиҳад, Гулен аз Амрико фирор кардааст.

Вазири адлияи Туркия рӯзи панҷшанбе эълом кард, Туркия иттилооте дарёфт карда, ки нишон медиҳад, Фатҳуллоҳ Гулен эҳтимолан аз маҳалли иқомати худ дар Амрико фирор кардааст. Ба иттилои пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи "Хабар"-и Эрон, Бикр Буздоқ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Хабар тукр» гуфтааст, эҳтимол меравад, Гулен ба Австралия, Мексика, Канада, Африқои Ҷанубӣ ё Миср фирор карда бошад.

Туркия, ки муътақид аст, Гулен тарроҳи аслии табаддулоти нофарҷоми 15-16 июл дар  ин кишвар мебошад, борҳо аз Амрико хостааст, ӯро ба Туркия истирдод кунад. Ин дар ҳолест, ки Гулен чунин иттиҳомотро рад кардааст. Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи "Ени шафақ"-и Туркия бо интишори матлабе Амрикоро ба унвони омили аслии пушти пардаи кудатои нофарҷом дар Туркия қаламдод кардааст.

Ҳукумати Туркия дар ду ҳафтаи ахир беш аз 15 ҳазор нафарро ба иттиҳоми даст доштан дар кудатои ахир дастгир ва беш аз 50 ҳазор нафари дигарро аз кор барканор кардааст. Дар тозатарин иқдом Вазорати умури хориҷии Туркия 88 нафар аз кормандони худро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷунбиши "Ҳизмет" барои барномарезии табаддулот дар ин кишвар аз кор барканор кард.

Барчасп