Тасаллути Русия бар шаҳри роҳбурдии Соледар
(last modified Fri, 13 Jan 2023 15:48:21 GMT )
Январ 13, 2023 20:48 Asia/Dushanbe
  • 11 моҳ аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина мегузарад
    11 моҳ аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина мегузарад

Баъд аз чанд рӯзи даргириҳои шадид байни неруҳои Русия ва низомиёни украинӣ дар шаҳри роҳбурдии Соледар, дар вилояти Донетск, Маскав имрӯз – ҷумъа, расман тасаллут бар ин шаҳрро эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати дифои Русия зимни эъломи расмии тасаллут бар шаҳри роҳбурдии Соледар афзуд: Ин амр имкони қатъи масирҳои тадорукотии неруҳои украинӣ дар минтақаи Баҳмутро фароҳам мекунад.

Ин вазоратхона тавзеҳ дод, дар се рӯзи гузашта ҳамчунин беш аз 700 низомии украинӣ кушта ва беш аз 300 воҳид таслеҳоти неруҳои мусаллаҳи ин кишвар дар шаҳри Соледар аз байн бурда шуданд.

11 моҳ аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина мегузарад. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ҳамчунон бо ҳимояти худ аз Украина дар ҷиҳати идомаи ҷанг гом бармедоранд.

Русия борҳо гуфтааст, ирсоли таслеҳоти ғарбӣ танҳо боиси тӯлонӣ шудани даргирӣ мешавад.