Январ 13, 2023 22:30 Asia/Dushanbe
  • Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал
    Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал

Дабири кулли Созмони Милал дар бораи авоқиби тавсеаи шаҳракҳои саҳюнистнишин ҳушдор дод.

Режими саҳюнистӣ бо тахриби манозили фаластиниён ва эҳдоси шаҳракҳои саҳюнистнишин дар садади тағйири сохтори ҷуғрофиёии манотиқи фаластинӣ ва чеҳрае саҳюнистӣ додан ба ин манотиқ аст то султаҷӯиҳояшро дар манотиқи фаластинӣ тасбит кунад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал таъкид кард, иқдомоти режими саҳюнистӣ дар хусуси тавсеаи шаҳраксозӣ ва тахриби манозили фаластиниён боиси густариши хашму ноумедӣ мешавад.

Дабири кулли Созмони Милал дар идома, соли 2022 -ро барои фаластиниҳо соле маргбор тавсиф ва иқдомоти ғайриқонунии режими саҳюнистиро маҳкум кард.

 

 

Барчасп