Январ 14, 2023 11:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳаҷми тиҷорати Русияву Чин дар соли 2022

Бар асоси гузориши идораи кулли Гумруки Чин ( GAC ) ҳаҷми тиҷорати Русияву Чин дар соли 2022 бо афзоиши 29.3 дарсадӣ нисбат ба соли қабл ба болотарин ҳадди худ, яъне рақами муодили 190.27 миллиард доллар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар соли 2022 содироти Чин ба Русия бо афзоиши 12 . 8 дарсадӣ ба 76.12 миллиард доллар расид. Дар ҳамин ҳол воридоти Чин аз Русия бо 43.4 дарсад афзоиш болиғ бар 114.15 миллиард доллар шуд .
Бар асоси ин гузориш мозоди тиҷории Русия дар равобити тиҷорӣ бо Чин ба 38 миллиард доллар расид, ки нисбат ба соли 2021 се баробар шудааст .
Пештар Владимир Путин-раиси ҷумҳӯри Русия дар дидори Ли Жоншоу-раиси кумитаи доимии Конгресси миллии халқи Чин дар маҷмаъи иқтисодии Шарқ дар Владивасток гуфта буд, ки Русияву Чин ба зудӣ метавонанд ба сатҳи 200 миллиард доллар дар тиҷорати мутақобил бирасанд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп