Таҳлил: Оғози таҳқиқоти ҷумҳурихоҳон дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон
(last modified Sat, 14 Jan 2023 11:07:51 GMT )
Январ 14, 2023 16:07 Asia/Dushanbe
  • Майкл аз давлати Байден хоста аст то 26-уми январ ин иттилоотро ироа диҳад
    Майкл аз давлати Байден хоста аст то 26-уми январ ин иттилоотро ироа диҳад

"Michael McCaul" намояндаи ҷумҳӯрихоҳии Техас ва раиси Кумитаи равобити хориҷаи Маҷлиси намояндагон бо ирсоли номае ба Антони Блинкен вазири умури хориҷаи Амрико, аз ӯ маҷмӯъи васеъи иттилоотро дар мавриди хуруҷи ошуфтаи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дархост кардааст.

Раиси Кумитаи равобити хориҷаи Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки давлати Байден то кунун аз ироаи мадорик худдори карда аммо ӯ акунун ба унвони раиси ин Кумита ба таври расми дархости ҳамкори бо ин Кумитаро хостор шудааст.

Майкл дар баёнияе гуфт: Шармовар ва бемаъни аст, ки давлати Байдан борҳо дархостҳои назорати тӯлони муддати моро рад карда ва ба пинҳонкории иттилоотии марбут ба хуруҷи Амрико аз Афғонистон идома медиҳад, вай тасреҳ кард: Дар сурати тадовуми адами ҳамкори, Кумита аз ихтиёроти худ бораи иҷроии ин хостаҳо аз ҷумла аз тариқи як фароянди иҷборӣ, истифода хоҳад кард. Майкл ба дунболи дастёбӣ аз арзёбиҳои иттилоотӣ, асноди ожонсҳои дохилӣ ва иртиботи мақомоти амрикоӣ бо Толибон ва давлати Афғонистон аст. Вай аз давлати Байден хоста аст то 26-уми январ ин иттилоотро ироа диҳад.

Ба рағми гузашти беш аз як солу чанд моҳ аз  хуруҷи аҷулона ва дар воқеъ фарори нерӯҳои амрикоӣ  аз Афғонистон аммо ҷумҳӯрихоҳон, ки акнун аксариятро дар Маҷлиси намояндагони Амрико дар ихтиёр доранд хостори рушан шудани абъоди мухталифи ин моҷаро ҳастанд, ки зарбаи бузурге ба  мавқеъиятҳои Иёлоти Муттаҳида дар сатҳи ҷаҳонӣ ворид карда ва ба вижа эътибор ва тавоноиҳои Вашингтон барои ҳимоят аз муттаҳидонашро ба шиддат зери савол бурд. Дар воқеъ расвоии хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ин яке аз мазӯъоте буд, ки Ҳизби ҷумҳӯрихоҳ қасд дошт пас аз касби аксарият дар Маҷлиси намояндагон дар интихоботи миёндавраии ҳаштуми ноябри соли 2001 ва пас аз ҳамалоти 11 сентябр оғоз шуд.  Кевин Маккарти раиси Маҷлиси Амрико пеш аз ин гуфта буд таҳқиқотеро дар бораи хуруҷи фоҷеъаии Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон оғоз мекунад. Маккарти дар мусоҳиба бо "Fox News " гуфта буд: Чаро мо набояд бидонем дар он ду моҳи ахир дар Афғонистон чӣ гузашт? Мардуми Амрико ҳақ доранд бидонанд, ки ин мавзӯъ дигар ҳаргиз такрор нашавад.

Иёлоти Муттаҳида дар давраи замомдории Ҷорҷ Буш па аз ҳодисаи 11 сенябри 2001 ба баҳонаи муқобила бо Алқоъида  ба унвони муттаҳами ҳодисаи 11 сентябр ва сарнагун кардани ҳукумати Толибон дар Афғонистон, ки онро муттаҳам ба ҳамдасти бо Алқоъида карда буд ба ин кишвар ҳамла ва онро сарнагун кард. Амрико дар тӯлонитарин ҷанги худ яъне ҷанги Афғонистон, наздик ба ду ҳазору 500 нафар аз низомиёнашро аз даст дод. Масъалаи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба дастури Байден, ки саранҷом ба фурӯпошии давлати ин кишвар ва салтаи Толибон бар Афғонистон мунҷар шуд, интиқодоти зиёдеро аз вай дар дохил ва хориҷи ин кишвар барангехт. Ба  рағми ин интиқодот, аммо Ҷу Байден бар дурустии тасмими худ дар хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон  дар ростои поён додан ба ҷангҳои бепоён, ки Амрико дар ду даҳҳаи ахир худро даргири он кардааст таъкид карда аст. Байден дар нахустин суханронии пас аз хуруҷи неруҳояш аз Афғонистон изъон кард, ки  ин ҷанг ба муддати ду даҳҳа барои Амрико рӯзонаи 300 миллион доллар ҳазина дошт ва Вашингтон бо ду гузинаи хурӯҷ ё афзоиши  манозеъи низомӣ рӯ ба рӯ буд. Аҷалаи ошкор Байден дар хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон комилан шабеҳи иттифоқе  буд, ки дар замони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ветнам рӯх дод. Бо ин ҳол ин иқдоми Амрико монанди ишғоли Афғонистон ва ҳузӯри ишғолгаронаи 20 солаи он, бидуни дар назар гирифтани табаъот ва авоқиби он сурат гирифт. Дар воқеъ халои амниятӣ ноши аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ дар канори адами омодагии нерӯҳои артиши Афғонистон ба иловаи масъалаи дигар монанди ихтилофоти сиёсӣ дар сатҳи ҳукуматӣ, адами вуҷӯди сохторҳои фармондеҳони муссир, фиқдони  рӯҳия ва мавориди дигар даст  ба дасти ҳам дода ва вазъияти фоҷеаборро барои Афғонистон бо сайтараи Толибон бар ин кишвари ҷангзада рақам зад. Зимни ин,ки Амрико ва муттаҳидонаш ҳеҷ дастоварде аз ҷанги Афғонистон ҳосил накарда ва вазъияти Афғонистон дар давраи ишғоли 20 солаи он ба маротиб бадтар шуд.

Бештар бихонед: