Июл 28, 2016 20:23 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Исроил ба шикаст дар ҷанги Ғазза

Ёир Лобид, раиси Ҳизби саҳюнистии "Оянда" дар ҷаласаи Комиссиюни амният ва сиёсати хориҷии Кнессет (порлумони режими Исроил), ки бо ҳузури Гади Айзенкот, раиси Ситоди муштараки артиши ин режим баргузор шуд, гуфт, Исроил дар ҷанги Ғазза ба ҳеч як аз аҳдофи худ, аз ҷумла нобӯдӣ ё тазъифи гурӯҳҳои фаластинӣ даст наёфт.

Лобид ҳамчунин тасреҳ кард, ки ин шикастҳо ва нокомиҳо бештар ба иллати наҳваи интиқоли иттилоот ба кобинаи амниятӣ ва наҳваи тасмимгириҳо буд.

Вай аз Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ хост, ки ба иштибоҳот дар ҷанги 50 рӯзаи Ғазза эътироф кунад.

Артиши режими саҳюнистӣ дар ҳамлаи 50 рӯзаи соли 2014 зидди борикаи Ғазза ба ҳеч як аз аҳдофаш даст наёфт ва бо таҳаммули талафот ва хисороти сангин аз Ғазза ақибнишинӣ кард. Дар ҳамалоти 50 рӯзаи артиши режими саҳюнистӣ ба боркаи Ғазза беш аз 2300 фаластинӣ низ шаҳид ва ҳазорон нафар захмӣ шуданд.

Дар чунин шароите маҳофили расонаӣ ва таҳқиқотии режими саҳюнистӣ низ ҳамчунон ба нотавонии режими ишғолгари Исроил дар маҳори амалиёти муқовиматии фаластиниён эътироф мекунанд.  Элвин Девид, таҳлилгари рӯзномаи саҳюнистии "Маориё" бо ишора ба ин ки Исроил ҳар иқдоми мумкинеро барои маҳори амалиёти муқовиматии фаластиниён анҷом додааст, тасреҳ кардаст, ҳеч як аз ин иқдомот барои мувоҷеҳа ва таваққуфи Интифозаи Қудс натиҷабахш набудааст.

Вазири пешини умури дохилии режими саҳюнистӣ низ ба шикасти саркӯби Интифозаи Қудс изъон кардааст.

Гидеон Саар, вазири умури дохилии пешини режими саҳюнистӣ гуфт: "Дар ҳоле ки вориди нуҳумин моҳи Интифозаи Қудс шудаем, шоҳиди нокомии дигаре дар баробари муқовимати фаластиниҳо ҳастем".

Ин вазири пешини режими саҳюнистӣ дар моҳи май низ бо интиқод аз амалкарди кобинаи режими саҳюнистӣ дар тӯли ҷанги 50 рӯза зидди борикаи Ғазза, онро як шикаст барои Исроил номида буд.

Ташдиди буҳрони сиёсӣ дар режими саҳюнистӣ дар пайи шикасти ин режим дар ҷанги 50 рӯза дар Ғазза дар соли 2014, абъоди густардатаре ба худ гирифтааст. Табаоти ҳосил аз нокомиҳои физояндаи режими саҳюнистӣ дар баробари муқовимат дар солҳои ахир, ки ин режими тавсеаталабро маҷбур ба пазириши оташбас дар хусуси Ғазза кард, муҷиботи таъмиқи шикофҳо дар режими саҳюнистӣ ва ҳазфи бархе аз мақомот аз саҳнаи сиёсии ин режим шудааст.

Дар ин замина Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) дар вокуниш ба истеъфои чанде пеши Муше Яолун, вазири ҷанги пешини режими саҳюнистӣ гуфт, табаоти шикасти артиши режими Исроил дар ҳамлаи 50 рӯзаи соли 2014 зидди борикаи Ғазза муҷиб шуд Яолун низ монанди дигар мақомоти низомӣ ва амниятии Исроил аз симматаш истеъфо диҳад.

Таҳаввулоти режими саҳюнистӣ баёнгари он аст, арсаҳои мухталифи ин режим, ба вижа арсаҳои сиёсӣ ва низомии он аз паёмадҳои нокомӣ дар сеюмин ҷанги Ғазза дур намондааст ва ба шиддат таҳти таъсири пасларзаҳои ин шикаст ва низ Интифозаи ҷадиди Қудс қарор гирифтааст, ки табаоти чунин вазъияте ташдиди ихтилофот миёни мақомоти режими саҳюнистӣ аст.

 

Барчасп