Корпартоии коркунони бахши нақлиёт дар Фаронса
Коркунони бахши нақлиёти Фаронса ҳамоҳанг бо соири иттиҳодияҳои коргарии ин кишвар дар эътироз ба ислоҳоти қонуни бознишастагӣ корпартоӣ карданд .
Рӯзномаи " СРФ "- Швейтсария дар гузорише ба ҳарҷу марҷ ва ошуфтагӣ дар Фаронса дар паи густариши эътисоб(корпартои)ҳо пардохт ва навишт : Афзоиши ҳазинаҳои зиндагӣ дар Фаронса ва ба дунболи он густариши эътисобот ба ҳарҷу марҷ ва ошуфтагӣ дар ин кишвар мунҷар шудааст .
Ин дар ҳоле аст, ки буҷети бисёре аз фаронсавиҳо рӯз ба рӯз камтар шуда ва норизоятиҳо аз шароити мавҷуд бештар мешавад .
Шабакаи телевизиюнии Алҷазира бо интишори тасовири зинда аз пориси пойтахти Фаронса аз эътисоби коркунони бахши ҳамлу нақл дар ин кишвар хабар дод ва эълом кард : Иттиҳодияҳои коргарӣ баргузории тазоҳурот барои радди ислоҳот дар қонуни бознишастагӣ, ки давлат пешниҳод кардаастро хостор шудаанд .
Дар моҳҳои ахир коргарони бахшҳои мухталиф дар Фаронсаву Британия даврҳои паёпаии эътисоботро дар эътироз ба шароити маъишатӣ ва буҳрони таварруму афзоиши ҳазинаҳои зиндагӣ дар пайи бесамар будани музокирот бо мақомоти масъул бар сари талабҳояшон иҷро кардаанд .