Тафсир - Тағйири таърихи интихоботи саросарии Туркия+назари коршинос
(last modified Wed, 25 Jan 2023 14:00:34 GMT )
Январ 25, 2023 19:00 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Тағйири таърихи интихоботи саросарии Туркия+назари коршинос

Раисиҷумҳури Туркия замони баргузории интихоботи саросарии ин кишварро 34 рӯз ҷилав андохт. Раисиҷумҳури Туркия эълом кард, интихоботи саросарӣ як моҳ пеш аз мавъиди муқарар, дар рӯзи чаҳордаҳуми моҳи майи соли ҷории милодӣ баргузор хоҳад шуд.

Пеш аз ин ва дар тобистони гузашта, Бекир Боздаг, вазири додгустарии Туркия таърихи баргузории интихоботи саросарии раёсатҷумҳурӣ ва порлумонии ин кишварро рӯзи 18 июни соли 2023 эълом карда буд. Номзадҳои интихоботи порлумонии Туркия дар соли 2023 барои тасоҳуби 600 курсӣ бо якдигар рақобат мекунанд. Номзадҳои интихоботи раёсатвумҳурӣ, аз ҷумла Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ барои тасоҳуби чаҳордаҳумин курсии раёсатҷумҳурии Туркия рӯ дар рӯи якдигар қарор мегиранд.

Аҳзоби мухолифи давлат бо ташкили эътилофҳое, қасд доранд номзади воҳидеро барои рақобат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ муаррифӣ кунанд. Пас аз бурузи буҳрони шадиди иқтисодии Туркия ва резиши шадиди ҳомиёни Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа, аҳзоби мухолифи давлати Эрдуғон ба пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия умедвортар шудаанд. Аксари аҳзоби мухолиф бо муқоисаи буҳрони иқтисодии ҷории Туркия ва тарҳи масъалаи ҳадар рафтани амволи мардум, талош мекунанд, Эрдуғонро аз курсии раёсатҷумҳурии Туркия ба зер бикашанд. Бархе аз аҳзоб низ бо тарҳи тағйири қонӯни асосии Туркия ба самти ҳазфи мусаввабаҳои порлумони Туркия ҳаракат мекунанд ва мегӯянд, бояд низоми порлумонӣ ҷойгузини низоми раёсатӣ шавад. Ин дар ҳоле аст, ки буҳрони иқтисодии ҷорӣ, афзоиши нархи таваррум, коҳиши иштиғол, фирори сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва фирори мағзҳо аз Туркия ба муъзалӣ барои ҳизби ҳокими Туркия табдил шудааст. Дар ҳақиқат, бояд гуфт, бозии рақобатҳои сиёсии аҳзоб барои интихоботи пеши рӯ дар Туркия, беш аз ҳар замоне печида ва маҳолӯд шудааст. Ба ҳамин далел, Лунд Голткин, рӯзноманигору таҳлилгари сиёсии курд, яксоли пеш бо ширкат дар барномаи "Ду дидгоҳ" дар телевизиони "Халқ Тв", гуфта буд:

«Эрдуғон дар ҳамаи суханрониҳояш ба эътилофи шаш ҳизби мухолиф давлат метозад ва мегуяд: "эй миллат! онҳо тавони мудирият надоранд ва наметавонанд ба шумо хизмат кунанд. Инҳо Туркияро намешиносанд ва як мушт одами масъӯлятношинос ҳастанд. Як бори дигар ба мо эътимод кунед ва бигзоред ба шумо хизмат кунем».

Пеш аз ин изҳорот, Эрдуғон дар суханронӣ дар дафтари Ҳизби адолат ва тавсеа (AKP) хитоб ба Камол Қличдор Уғлӯ,  раиси Ҳизби ҷумҳурии халқ (CHP) ва рақиби аслии вай дар интихоботи моҳи май, гуфта буд: «мо ба касоне, ки суботи худро аз даст дода ва ин сӯ ва он сӯ мечарханд ин мамлакатро таслим нахоҳем кард».

Лунд таҳлилгар кард, бо истинод ба ҳамин таҳдиди Эрдуғон мабнӣ бар ба ошӯб кашондани Туркия дар сӯрати раъй овардани мухолифон, гуфтааст: «танҳо маънои ин ҷумла ин аст, ки барои нигаҳ доштани қудрат даст ба ҳар коре мезананд ҳатто агар ин кор ба қимати нобудии Туркия тамом шавад».

Дар шароити феълӣ, ки ҷанги қудрату лаффозиҳои расонаӣ дар Туркия бар сари интихоботи саросарӣ ташдид шуда, дахолатҳои бархе аз давлатҳои ғарбӣ бавижа Амрико ва бархе аз давлатҳои аврупоӣ дар интихоботи саросарии Туркия бисёр қобил тааммул аст. Ин дар ҳоле аст, ки ҳадаф аз дахолатҳои давлатҳои ғарбӣ ба зер кашидани Эрдуғон аз раъси ҳирами сиёсии Туркия аст. Дар айни ҳол, дар тӯли соли гузаштаи милодӣ, давлати Эрдуғон ҳамвора мухолифати худро бо пешниҳоди аҳзоби мухолиф дар порлумони Туркия мабнӣ бар баргузории интихоботи зӯдҳангом иброз мекард. Аммо раисиҷумҳури Туркия ногаҳон тасмими худро иваз кардааст ва мегуяд, ба ҷои 18 июн, интихоботи саросарии Туркияро дар рӯзи 14 май баргузор хоҳад кард. Ин таърих ба маънои баргузории 34 рӯз пеш аз мавъиди аввалия барои баргузории интихобот аст. Шояд эъломи ин таърих ба манзури қудратнамоӣ дар муқобили аҳзоби турк дар дастури кор қарор гирифта бошад. Урдӯгоҳи ҳизби ҳоким, таътилоти мазҳабӣ ва имтиҳоноти мадорисро далели тасмими худ унвон мекунад. Аммо мухолифон бар ин боваранд, ки Эрдуғон барои баргузории интихоботи зӯдҳангом баҳонатарошӣ мекунад. Дар шароити рақобати аҳзоби Туркия, чунин баназар мерасад, ки давлати Эрдуғон охирин тирҳои таркиши худро барои остонаи интихобот канор гузоштааст. Эрдуғон ба унвони як сиёсатмадори бо таҷриба ва қадимӣ, барои заработи охир, ҳамвора тадобире дар ихтиёр дорад. Ифтитоҳи чандин тарҳи энержӣ ва иқтисодӣ, имзои тавофуқномаҳои муҳим бо Русия ва ҳатто дархости кумак аз кишварҳои ҳамсоя метавонад тадобири қобили пешбинии давлати Эрдуғон қаламдод шавад. Бо ин вуҷӯд, ин бор мушкили асосии давлати Эрдуғон, роздории беш аз ҳадди раҳбарони шаш ҳизби мухолифи давлати Анкара мавсӯм ба эътилофи "Миллат"аст. Дар воқеъ, мушаххас нест, мухолифони давлати Эрдуғон тасмим доранд аз чӣ системе истифода мекунанд. Талошҳои тими амниятии Эрдуғон низ токунӯн ба натиҷа нарасида ва касе натавониста аст бифаҳмад, ки билохира чӣ касе номзади мавриди ҳимояти "Эътилофи миллат" хоҳад буд. Дуруст ба ҳамин далел аст, ки раҳбари Ҳизби адолат ва тавсеа аз дасти мухолифини худ асабӣ шуда ва муҳимтарин суоли зеҳни ӯ ин аст: онҳо қарор аст, чӣ касеро ба унвони номзади муштарак, муаррифӣ кунанд?