Январ 26, 2023 12:57 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии СММ аз коҳиши рушди иқтисоди ҷаҳон дар соли 2023

Тибқи пешбинии Созмони Милали Муттаҳид, рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли ҷорӣ (2023) ба таври қобили таваҷҷуҳ коҳиш ва ба 1.9 дарсад мерасад.

Ба гузориши Associated Press, департаменти умури иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид шомгоҳи чаҳоршанбе бо тарсими чашмандози иқтисодии тира ва номутмаин эълом кард, кундии феълии иқтисоди ҷаҳонӣ ҳам кишварҳои тавсеа ёфта ва ҳам кишварҳои дар ҳоли тавсеаро даргир хоҳад кард ва бисёре аз онҳо дар соли 2023 бо хатари рукуд мувоҷеҳ ҳастанд.

Тибқи ин пешбинӣ, рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли ҷорӣ (2023) дар натиҷаи буҳрони ғизо ва энержии ношӣ аз ҷанг дар Украин, таъсири мудовими ҳамагирии корона, таварруми мудовими боло ва вазъияти изтирории обу ҳавоӣ ба таври қобили таваҷҷӯҳе коҳиш ва ба 1.9 дарсад хоҳад расид.

Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ дар пешгуфтори ин гузориши 178 сафҳаӣ навишт: Коҳиши шадид ва густардаи иқтисоди ҷаҳонӣ дар буҳбуҳаи таварруми боло, инқибози пулии таҳоҷумӣ ва афзоиши ибҳомот, сарфасли таҳаввулоти ояндаи ҷаҳонӣ хоҳанд буд.

Бар асоси гузориши Созмони милал, имсол «шитоби рушд дар Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва соири иқтисодҳои тавсеаёфта заъиф шуда ва бар бақияи иқтисоди ҷаҳон таъсири манфӣ гузоштааст».

Пешбинӣ мешавад дар Британия, тавлиди нохолиси дохилӣ дар соли 2023 ба мизони 0.8 дарсад коҳиш ёбад.

 

Барчасп