Ҳушдори пизишкон дар Аврупо: Коҳиши дараҷаи ҳаво ва афзоиши хатари сактаи қалбӣ
Маҷаллаи фаронсавии “Мари Клер” дар гузорише навишт, таҳқиқоти пизишкон ахиран дар Аврупо собит кардааст, ки бо коҳиши ҳарорати ҳаво, хатари сактаи қалбӣ афзоиш пайдо мекунад.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, маҷаллаи фаронсавии “Мари Клер” навишт, бо тавваҷуҳ ба таҳқиқоте, ки натоиҷи он дар маҷаллаи пизишкии “Медикол нюс тудей” мунташир шуд, ҳар як дараҷа коҳиши ҳарорати ҳаво дар Британия дар як рӯз ҳудуди 200 сактаи қалбиро дар пай дорад.
Таҳқиқоти мушобеҳи дигаре, ки дар Шветсия сурат гирифтааст, таъйид мекунад, дар замоне, ки коҳиши маҳсуси дараҷаи ҳаво вуҷуд дорад, сактаи қалбӣ нисбат ба замонҳое ки дараҷаи ҳаво гармтар аст, бештар гузориш шудааст. Зеро ҳавои сард афзоиши фишори хун ва ҳамчунин афзоиши ниёзи бадан ба кислороде, муҷиби афзоиши эҳтимолии сакта мешавад.
Бо тавваҷуҳ ба таҳқиқоти суратгирифта, ашхоси мубтало ба бемориҳои қалбӣ мумкин аст ба иллати сармои ҳаво, асароти номатлуби бештареро таҷриба кунанд, ба хусус фишори хун ва хушкии рагҳо.
Ҳамаи ин авомил фишори бештаре ба қалб ворид мекунад, ки дар натиҷа хатари сактаи қалбӣ боло меравад.