Захарова: Таҳримҳои Канада шабеҳи иқдомоти Рейхи сеюм аст
(last modified Sat, 04 Feb 2023 14:13:28 GMT )
Феврал 04, 2023 19:13 Asia/Dushanbe
  • Захарова: Таҳримҳои Канада шабеҳи иқдомоти Рейхи сеюм аст

Сухангуи вазорати хориҷаи Русия таҳримҳои ахири Канада алайҳи ашхоси русро ба талошҳои Рейхи сеюм (Third Reich)-и нозӣ барои сокит кардани «садои мантиқ» ташбеҳ кард.

Мария Захарова, сухангуи вазорати хориҷаи Русия бо маҳкӯм кардани ин иқдоми Канада гуфт, метавон таҳримҳои тозаи Канада алайҳи гузоришгарону муҷриёни русро бо талошҳои Рейхи сеюм барои нобуд кардани рӯҳияи ғайри олмонӣ ва сокит кардани садои мантиқ аз тариқ сӯзондани китобҳо ва мамнӯъ кардани нашрияҳо муқоиса кард.

Дар ҳамин робита Олег Степанов, сафири Русия дар Канада бо музҳик хондани ин таҳримҳо гуфт, ки Маскав таҳримҳои зиддирусиро талофӣ хоҳад кард.

Канада аз замони оғози ҷанг дар Украина, беш аз як ҳазору 500 фарду ширкати рус, украинӣ ва беларусиро таҳрим кардааст.