Феврал 08, 2023 12:04 Asia/Dushanbe
  • Созмони Миллал: Таҳримҳо набояд монеъи кӯмак ба зилзилазадагони Сурия шавад
    Созмони Миллал: Таҳримҳо набояд монеъи кӯмак ба зилзилазадагони Сурия шавад

Сухангуи Дабир кулли Созмони Миллали Муттаҳид таъкид кард, таҳримҳо набояд дар заминаи ирсоли кӯмакҳо барои зилзилазадгони Сурия монеъа эҷод кунад.

Заминларзаи 7.8 риштарӣ бомдоди рӯзи душанбе 6-уми январи ҷануби Туркия ва шимоли Сурияро ларзонд, ки бар асоси охарин оморҳо, шумори  қурбониёни заминларза дар саросари Сурия ба ду ҳазору 370 кӯшта ва теъдоди захмиҳо ба ду ҳазору 554 нафар афзоиш ёфт. Мақомоти Туркия ҳам аз афзоиши шумори қурбониёни зилзила дар ин кишвар ба панҷ ҳазору 894 нафар ва теъдоди захмиҳо ба 34 ҳазару 810 нафар хабар доданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, сухангуи Дабири кулли Созмони Миллали Муттааид эълом кард: Мо тимҳоеро бароии ҳамоҳангӣ ва арзёбии  пас  аз зилзила  ба Туркия ва Сурия эъзом кардаем.

Вай афзӯд: Тарадуд дар гузаргоҳҳои ҷануби Туркия ва шимоли Сурия пас аз залзила бо мушкил мувоҷеҳ шудааст.

Бештар бихонед:

Барчасп