Захарова: Ғарб ҷомеъаи ҷаҳони ва мардуми Украинаро фиреб дод
Сухангуи Вазорати хориҷаи Русия гуфт сиёсатмадорони ғарб дар заминаи аҳдофи тавофуқномаи Мински ҷомеъаи ҷаҳони, шурои амният ва мардуми Украина фиреб доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мария Захарова, сухангуи Вазорати хориҷаи Русия эълом кард Олмон, Фаронса ва Украина дар ибтидо дар қарордодҳои Мински ҳадафҳои бархилофи он чи ки ба кишварҳои худ, Аврупо ва кулли ҷаҳон ваъда дода буданд дар сар доштанд.
Захарова афзуд: Сиёсатмадорони ғарб бори дигар ба Киев замон доданд то дубора мусуллаҳ шавад ва ин ба он маъни аст, ки онҳо дар ибтидо қаст доштанд ҷомеъаи байналмилалиро фиреб диҳанд ва мақсадҳои худро эълом кунанд чизе ки комилан мутафовит дар зеҳн доштанд ва ин як тароҳии комилан мутафовит буд, ки ба назари ман ниёзманди ислоҳ дар фазои қонуни аст.
Ба гуфтаи сухангуи Вазорати хориҷаи Русия ин масъала ба як ҷаълу фиреби воқеъи дар миқёси ҷаҳони табдил шуд ва ба амнияти ҷаҳони зарба зада аст.