Феврал 19, 2023 19:47 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Нофармонии мадданӣ ва муқовимат, ду роҳкори фаластиниҳо алайҳи хушунати густардаи саҳюнистҳо
    Таҳлил: Нофармонии мадданӣ ва муқовимат, ду роҳкори фаластиниҳо алайҳи хушунати густардаи саҳюнистҳо

Тудравӣ ва хушунати густардаи Кабтинаи ифротии Бинямин Натанияҳу алайҳи фаластиниҳо ҳамчунин идома дорад. Фаластиниҳо барои мувоҷеҳ бо ин хушунатҳо ба нофармонии мадданӣ ва тадоввуми муқовимат рӯй оварданд.

Ҳанӯз умри Кабинаи Натанияҳу ба ду моҳ нарасидааст. Илова бар инки Натанияҳу шахсияти ифротӣ ва тудрав аст, вазири амнияти дохилаи режими саҳюнистӣ низ шахсиятӣ  ба шиддат ифротӣ ва зиддӣ араб маҳсуб мешавад, ки ҳатто нисбат ба аъроби сокини Ирози ишғолӣ низ муътақид ба хушунатӣ густардае дар ҳадди ихроҷи онҳо аз  Ироз аст.

Тайи ду моҳи гузашта фишорҳо бар фаластиниҳо дар абъоди мухталиф афзоиг ёфтааст ва ҳар ҳафта тасмимоти ҷадиде алайҳи фаластиниҳо ба хусус тавассути вазири анмияти дохилаи режм иттихоз мешавад.  Бен Гвир ҳафтаи гузашта ба Созмонҳои зиндонҳои режими саҳюнистӣ дастур додааст, ки асирони фаластинӣ фақат ду дақиқа метавонанд ҳамом кунанд. Ҳамчунин дастур додааст ҳар банди  аз зиндониёни  фаластинӣ , танҳо як соат об дошта бошанд. Пеш аз ин низ режими саҳюнистӣ пешнависи қонуни салби тобеият бо иқомати асирони фаластинии сокини Қудс ва Ирози ишғолӣ 1948-ро тасвиб карда буд. Ба сабаби ин қонун, ҳар асире, ки ба  амалиёти зиддӣ саҳюнистӣ ва ҳабс маҳкум шавад ва барои вазири дохила собит шавад, ки  аз дашкилоти худгардон маблағе дарёфт карда аст ба манзаи ин хоҳад буд, ки аз тобеъият ва иқомати худ сарфи назар кардааст.

Дат пайи ин тасмимҳо, асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ аз сешанбеи гузашта нофрмонии мадданӣ алайҳи Кабинаи режими саҳюнистиро оғоз карданд. Созмони асирони фаластинӣ эълом кард, ки ҳудуди 2 ҳазору 500 зиндонии фаластинӣ дар чандин зиндони саҳюнист даст ба нофармонӣ заданд. Асирони фаластини таъкид карданд, ки муҷозотҳои эъмол шуда алайҳи асирон ба тарси онҳо  мунҷар нахоҳад шуд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин рафторҳои хашин ва зиддӣ инсонии  саҳюнистҳо, ҳамзамон бо нофармонии маддании асирони фаластинӣ, амалиёти муқовиматии онҳо алайҳи саҳюнистҳо  низ идома пайдо  кард. Маркази додаҳои фаластинӣ  дар гузорише эълом кард дар ҳафтаи гузашта дар маҷмӯъ 218 амалиёти мухталифи муқовиматӣ дар Ирози ишғолӣ ба вуқӯъ пайваст, ки тайи он 4 саҳюнист ба ҳалокат расида ва 8 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ҳам нофармонии мадданӣ ва ҳам амалиёти муқовиматӣ баёнгари ин аст, ки афзоиши хушунат на танҳо сабаби ҳарроси фаластиниҳо нашуд балки саҳюнистҳо бояд шоҳиди иқдомҳои ҷиддии фаластиниҳо  низ бошанд. Метавон интизор дошт, ки даргириҳо шиддати бештар пайдо кунад.

Бештар бихонед:

Барчасп