21 феврал, Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ
(last modified Mon, 20 Feb 2023 07:48:17 GMT )
Феврал 20, 2023 12:48 Asia/Dushanbe
  • 21 феврал, Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ
    21 феврал, Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ

Рӯзи 21 феврал аз тарафи ЮНЕСКО ба унвони Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ номгузори шудааст.

Номгузории ин рӯз дар конфронси умумии ЮНЕСКО дар соли 1999 ба манзури кумак ба танавӯъи забонӣ ва фарҳангӣ анҷом шудааст. Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид низ ба далели аҳамияти зиёди он, соли 2008-ро соли ҷаҳонии забонҳо эълом кард.

Далели номгузории Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ аз замоне оғоз шуд, ки дар соли 1952 донишҷуёни донишгоҳҳои мухталифи шаҳри Дака пойтахти имрӯзии кишвари Бангладеш, ки дар он замон Покистони шарқӣ номида мешуд ва ҳанӯз мустақил нашуда буд, аз ҷумла донишҷӯёни донишгоҳи Када ва донишкадаи пизишкии он талоше ҷиҳати милли кардани замбони банголӣ ба унвони дуввумин забони Покистон( дар канори забони Урду) тазоҳуроти мусолеатомезе дар ин шаҳр бар роҳ андохтанд. Баъд аз истиқлоли Бангладеш аз Покистон  ба дархости ин кишвар, барои аввалин бор Созмони ЮНЕСКО дар 17-уми ноябри соли 1999 рӯзи 21 февралро Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ номид.

Мутобиқи бароварди  ЮНЕСКО, аз ҳудуди 6 ҳазор забоне, ки дар ҷаҳон шинохта шудааст, беш аз се ҳазор забон дар ҳоли нобудӣ ҳастанд. Ин забонҳо ҳам акнун низ тавассути гурӯҳҳои бисёр кучике ба кор бурда мешаванд ва тақрибан ҳеҷ кадом шонсе барои бақо надоранд. 96 дарсад аз забонҳо танҳо дар байни 4 дарсад аз ҷамъияти ҷаҳон ривоҷ доранд.

Дар Эрон илова бар забони форсӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 69 забон ва гуиш ривоҷ дорад ва бузургтарин гурӯҳҳои забони эрониро форсӣ, озарбоиҷонӣ, курдӣ, туркаманӣ, гилакӣ, мозандаронӣ, толшӣ, лурӣ, балучӣ, лакӣ ва тотӣ ташкил медиҳанд.

Бештар бихонед: