Венетсия дар остонаи хушкшудан +Видео
https://parstoday.ir/tg/news/world-i98698-Венетсия_дар_остонаи_хушкшудан_Видео
Каналҳои обии шаҳри Венетсия дар Италия ҳамзамон бо коҳиши сатҳи об ва боришҳо дар ҳоли хушкшудан ҳастанд.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Феврал 21, 2023 15:14 Asia/Dushanbe

Каналҳои обии шаҳри Венетсия дар Италия ҳамзамон бо коҳиши сатҳи об ва боришҳо дар ҳоли хушкшудан ҳастанд.

Гузаронидани чандин ҳафтаи хушкии зимистони ва поён омадани сатҳи об дар Венетсия нигарониҳоро дар мавриди эҳтимоли вуқуъи як давраи хушксолии дигар дар Италия афзоиш дода аст Италия тобистони гузашта низ шоҳиди хушксоли буд.

Ба гузориши ИРНА, коҳиши ғайримаъмули сатҳи об дар шаҳри Венетсия тарадудро барои таксиҳои оби ва ёритаъҷили дар бархе аз оброҳҳои аслии ин шаҳр ғайримумкин карда аст.

Бар асоси ин гузори сатҳи оби дарёчаи Гарда дар шимоли Италия низ ба таври бесобиқа коҳиш пайдо карда аст то ҷойе, ки метавон масофат то ҷазираи Сан Биажиоро пиёдарави кард.

Сатҳи оби рудхонаи Пу низ ба унвони тулонитарин руди Италия, ки аз куҳистони Олп дар шимоли ғарби ин кишвар сарчашма мегирад акнун 61 дарсад поёнтар аз сатҳи миёнгини он дар ин вақти аз сол қарор дорад.