Июл 29, 2016 18:13 Asia/Dushanbe
  • Нақзи оташбас аз сӯйи эътилофи Саудӣ

Эътилофи Саудӣ ва муздурони яманӣ ҳамчунон оташбас дар Яманро нақз мекунанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии расмии Яман (Сабо), дар 24 соати гузашта эътилофи Саудӣ - амрикоӣ бо нақзи оташбас борҳо устонҳои Яманро бомбаборон карданд.

Ҳавопаймоҳои арабистонӣ имрӯз, ҷумъа устони Ҳаҷҷа дар шимолу ғарби Яманро бомбаборон карданд, ки бар асари он 5 нафар кушта шуданд.

Бомбаафканҳои арабистонӣ минтақае дар устони марказии Маърибро низ бомбаборон карданд.

Ин ҳамалот дар ҳоле идома дорад, ки музокироти тарафҳои яманӣ ба манзури дастёбӣ ба роҳҳалли буҳрони Яман, ки муддатҳо дар Кувайт ҷараён дошт, бидуни натиҷа поён ёфт.

Арабистон ҳамроҳ бо бархе кишварҳои арабии минтақа ва бо ҳимояти Амрико, аз моҳи марти соли 2015 ҳамалоти густардаеро ба Яман оғоз кард то Абдурабеҳ Мансури Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфии ин кишварро ба ҳокимият бозгардонад.

Барчасп