Таҳлил- Ҳушдори Путин нисбат ба ҷаҳони якқутбӣ бо меҳварияти Амрико
Дар ҳоле, ки Амрико ҳамчунон бар низоми якқутбӣ ба меҳварияти Вашингтон дар ҷаҳон, таъкид дошта ва бо барномаҳои мухталиф дар сатҳи ҷаҳонӣ чун ҷанги Украина дар ин росто гомбар медорад, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳушдор дод, Амрико дар талош аст, ҷаҳони якқутбӣ бо меҳварияти худ эҷод кунад.
Вай бо ишора ба ин, ки Вашингтон мекӯшад ҷаҳонро мунҳасиран мутобиқ бо дастури кори худ шакл диҳад, гуфт: Давлатҳои ақмори Амрико ба хубӣ аз ин ниёти худхоҳона огоҳ ҳастанд, аммо феълан ба далоили мухталифе, ки дар марҳалаи аввал ба вобастагии шадидашон дар ҳавзаи иқтисодӣ ва дифоӣ муртабит аст, чашм бар рӯи ин масъала бастаанд.
Амрико бавижа тайи даҳаи ахир талош кардааст, беш аз пеш низоми якқутбиро бо меҳварият ва манофеи худ дар ҷаҳон, роҳбарӣ кунад; Чунонки дар ин росто метавон ба буҳронофариниҳои Амрико дар Афғонистон, Ироқ, Сурия ва ба тозагӣ дар Украина ишора кард. Ин танишофариниҳо, ки аксаран бо мушорикати ҳампаймонон ва муттаҳидони Амрико сурат гирифтааст, беш аз пеш шароити амниятӣ дар ҷаҳонро вахим кардааст.
Ҷанги Украина намунаи бориз ва ҷиддӣ дар ин замина аст, чунонки имрӯза Амрико мекӯшад ба илали мухталиф, бо бозсозии ғайри маҳсуси фазои Ҷанги сард, ба тақобули ҷиддӣ бо Русия ва ҳатто Чин бипардозад. Аз ин рӯ, Вашингтон аз НАТО низ ба унвони абзоре барои иҷрои барномаҳои худ истифода мекунад то битавонад ҷойгоҳи раҳбарии худ дар дунёро ҳифз карда, зарарҳои молӣ - иқтисодиро ба кишварҳои ҳампаймон мунтақил кунад ва кишварҳоро бавижа дар масоили низомӣ ва сиёсӣ, беш аз пеш бо худ ҳамроҳ созад.
Ин дар ҳоле аст, ки воқеиёти низоми ҷаҳонӣ, ҳокӣ аз ҳаракат ба сӯи низоми чандқутбӣ бо таваҷҷӯҳ ба равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто низомӣ ва амниятӣ дар сатҳи байналамллӣ аст. Ба иборати дигар, бо вуҷуди хости Амрико, дигар мафҳуме ба номи ҷаҳони якқутбӣ вуҷуд надорад ва ҷаҳон ҳозир ба пазириши низоми якқутбӣ нест.
Александр Лукин, раиси бахши равобити байналмилали Донишкадаи олии иқтисоди Маскав дар ин замина мегӯяд: Ҷаҳон дар чанд сол оянда, ҷаҳоне чандқутбӣ хоҳад буд. Қавонини байналмилалӣ чизе нест, ки битавон онро яксӯя бар тарафи дигар таҳмил кард. Ин қавонин бояд бар асоси тавофуқе, ки ҳамаи тарафҳо дар ҷаҳон доранд, ҳоким бошад дар ғайр ин сурат ҳар тарафе бахше аз қавонини байналмилалиро мепазирад ва ин амр мунҷар ба ихтилоф ва даргирӣ мешавад.
Ҷанги Украина, ки ҳамроҳ бо ёркашии Амрико ва ихтисоси буҷаҳои низомӣ ва кумакҳои таслиҳотӣ ба Украина аст, беш аз пеш исрори Амрико барои ҳифзи ҷойгоҳи худ дар ҷаҳонро намоён мекунад.
Михаил Галузин, муовини вазири хориҷаи Русия дар ин замина гуфт: Воқеиятҳои геополитикӣ, ки мо имрӯз дар он қарор дорем, таъсири ҷиддӣ бар кулли системаи фарояндаҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла фарояндҳои якпорчагӣ дорад. Давраи ҷаҳони якқутбӣ замоне, ки Амрико ва дастнишондаҳои аврупоиаш аз тактикҳои таҳдид истифода мекарданд то шароитро ба кишварҳои дигар дикта кунанд ва масири тавсеаи онҳоро мутобиқ бо манофеи худхоҳонаи худ таъйин кунанд ва ҳатто системаҳои давлатшонро дар ҳам шикананд, рӯ ба поён аст.
Ба ҳамин далел низ Путин бо ишора ба инки Амрико бо ҳар абзоре барои мудохила дар масоили дохилии кишварҳо талош мекунад ва кудатоҳо ва ҷангҳои дохилиро ба роҳ меандозад, ҳушдор медиҳад: Ҷаҳони якқутбӣ дигар ба фаромӯшӣ супурда шуда ва ҷаҳони чандқутбӣ муттаки бар қавонини байналмилал, беҳтарин роҳ барои ҳифзи амнияти ҷаҳон аст.
Бештар бихонед:
- Таҳлил: Нишасти ояндаи сарони Гурӯҳи 20; Арсаи тақобул байни Русия ва Амрико
- Мухолифати раисони ҷумҳурии Русия ва Чин бо дунёи якқутбӣ