Май 01, 2022 18:52 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Нишасти ояндаи сарони гурӯҳи 20 арсаи руёруӣ байни Русия ва Амрико
    Таҳлил: Нишасти ояндаи сарони гурӯҳи 20 арсаи руёруӣ байни Русия ва Амрико

Масъалаи ширкати Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия дар нишасти ояндаи сарони гурӯҳи 20 дар Инданезия ва талоши ошкори Амрико барои монеъ шудан аз ҳузури вай дар ин нишаст акнун ба арсаи ҷадиди барои руёруӣ байн Маскав ва Вашенгтон табдил шуда аст.

Ҷоко Видодо "Joko Widodo" раиси Ҷумҳурии Инданезия бо унвони мизбони ин нишаст эълом дошт, раисони Ҷумҳурии Русия ва Украина ширкат дар нишасти руёруӣ сарони гуруҳи 20-ро қабул карданд.

Вай баён дошт, ки аз Путин ва Зеленскиӣ барои ҳузур дар нишасти гуруҳи 20 ҳамчунон, ки дар ҷанги Украина таъсири зиёди бар иқтисоди ҷаҳонӣ дорад даъват карда аст.

Видодо гуфт: Мо дарк мекунем, ки гуруҳи 20 нақши суръатдиҳандаро дар беҳбуди иқтисоди ҷаҳонӣ ифо мекунад.

Зоҳиран даъват аз Путин барои ширкат дар ин иҷлоси байналмиллалӣ, ки қарор аст дар 20 ноябр баргузор шавад, як рӯз пас аз даъват аз Владимир Зеленскиӣ, раиси Ҷумҳурии Украина ба ин иҷлос ба рағми ин ки Украина бахши аз гуруҳи 20 нест сурат гирифта аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Вашенгтон барои танҳо гузоштани ҳарчи бештари Русия ва ба вижа Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия  дар ростои сиёсати куллии Ғарб барои таҳрим ва эҷоди тангноҳии ҳарчи бештар барои Маскав мухолифати ошкори худ бо ширкати Путин дар нишасти ояндаи сарони гуруҳи 20 эълом карда аст.

Ҷен Псаки, сухангуи Кози Сафед бо ишора ба истиқболи Ҷо Байден аз даъват аз Зеленскиӣ гуфт: Раиси Ҷумҳурии Амрико ошкоро мухолифаташро бо ширкати Путин дар иҷлоси гуруҳи 20 иброз карда аст. Мо аз ширкати Украина дар ин иҷлос истиқбол кардаем. Мо дидгоҳамонро гуфта ва тасреҳ кардаем, ки аз назари мо Русия набояд бахши аз ин таъомулот чи ба сурари ошкор ва чи хусуси бошад.

Ин амр дар ростои сиёсати куллии Вашенгтон барои монеъи ҳузури Русия ва мақомоти аршади ин кишвар дар арсаи байналмиллалӣ аст.

Ҷалина Портер "Jalina Porter" муъовини сухангуи вазорати умури хориҷаи Амрико мегуяд: Амрико ҳамчунон муътақид аст, ки наметавонад дар қиболи мушорикатҳои Русия дар ҷомеъаи байналмиллалӣ ё ниҳодҳои байналмиллалӣ таъомулоти маъмулии собиқ вуҷуд дошта бошад.

Ба рағми хостаи ошкори Амрико аммо руйкарди Инданезия ба унвони раиси нишасти сарони гуруҳи 20 бо руйкарди Амрико мутафовит аст ва бо таваҷҷуҳ ба таъкиди раиси Ҷумҳурии Инданезия бар даъват аз Путин ва Зеленскиӣ ва ҳам чунин тасреҳи ин масъала, ки ҷанги Украина бояд аз тариқи сулҳомези поён ёбад тафовути дидгоҳи у бо дидгоҳи Байден комилан ошкор аст.

Ҷоко Видодо дар ин бора изҳор дошт: Ман бар аҳамияти поёни фаврии ҷанг таъкид кардам ман ҳамчунон таъкид кардам, ки талошҳои марбут ба сулҳ бояд идома ёбанд ва Инданезия омода аст ба ин талошҳои сулҳомез кумак кунад.

Амрико ва шарикони аврупоияш бо сӯи истифода аз вазъияти кунунӣ хоҳони тулони шудани ҷанги Украина дар ростои тазъифи ҳар чи бештари Русия ва ба вижа тавонмандии низомии он ҳастанд.

Эдвард Прайс "Edward Price" сухангуи вазорати умури хориҷаи Амрико мегуяд: Вашенгтон ба дунболи шикасти роҳбурдии Маскав дар Украина аст ба тавре, ки ин кишварро аз назари иқтисодӣ хаъифтар ва дар сатҳи байналмиллалӣ мунзавитар кунад.

Ин мавзеъи Амрико бо мухолифати бисёри аз кишварҳои ғайри ғарбии гуруҳи 20 монанди Чин, Ҳинд, Аргентина, Туркия, Арабистони Саъудӣ, Бразилия, Мекзика, Африқои Ҷанубӣ ва Инданезия муваҷаҳ шуда аст. Ин кишварҳо, ки бархе аз онҳо монанди Чин ва Ҳин аз иқтисодҳои бузург ва навзуҳури ҷаҳон маҳсуб мешаванд муътақиданд, ки иқдомоти таҳримии ҷадид ва ҳамоҳангии Ғарб зидди Русия ба баҳонаи ҷанги Украина нобаҷо ва ғайри қонунӣ буда ва таъсироти манфии густардае бар иқтисод ва маолияи ҷаҳони дошта ва боиси эҷоди буҳронҳои байналмиллалӣ аз ҷумла дар заминаи энергетика ва ғизои хоҳад шуд, ба вижа ин ки таҳримҳои бесобиқа бо ҳадафи дарҳам шикастани комили Русия дар ҳамаи абъоди мумкин сурат мегирад. Дар воқеъ Амрико ба унвони саркардаи булуки Ғарб марҳалаи кунуниро беҳтарин фурсат барои дарҳам шикастани Русия ва коҳиши машруъияти Владимир Путин, раиси ҷумҳурии ин кишвар талқи мекунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп