Таҳлил: Мухолифати раисони Ҷумҳурии Русия ва Чин бо дунёи як қутби
Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Самарқанд дар дидор бо Си Ҷи Пинг, раиси Ҷумҳурии Чин тлош барои эҷоди ҷаҳони як қутбиро ғайри қобили қабул донист.
Путин таъкид кард: Талошҳо барои эҷоди дунёи як қутби ахиран шакли комилан бад ба худ гирифт ва барои аксарияти қариб ба иттифоқи кишварҳои кураи замин комилан ғайри қобили қабул аст. Вай дар ҳоли ҳозир омодагии Маскавро барои ифои нақши пешравӣ дар қарор додани ҷаҳон дар масири рушди пойдор ва мусбат эълом кард.
Си Ҷи Пинг низ ба навбаи худ гуфт ҷаҳон бо тағироти бузурги бесобиқа дар таърих муваҷаҳ аст. Ба гуфтаи вай Ҷумҳурии халқии Чин ва ҳамкорони русии он омода ҳастанд то намунаи аз як қудрати ҷаҳонии масъулро ироа ҳиданд ва нақши пешрави даровардани чунин дуёе, ки ба суръат дар ҳоли тағир аст дар масири рушди пойдор ва мусбат ифо кунанд.
Таъкиди раисони Ҷумҳурии Русия ва Чин бар мухолифат бо ҷаҳони як қутби бо таваҷҷуҳ ба истимрори талошҳои булуки ғарб ба саркардагии Амрико барои идомаи назми либерол дар ҷаҳон дар ростои манофеъи ғарб сурат гирифта аст.
Намунаи ин талош барои идомаи назми як қутби иқдомоти Вашенгтон ба ҳамроҳи шариконаш барои эҷоди ихтилофҳои низомӣ ва амниятӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси ором ба манзури муқобила ба истилоҳ рушди нуфузи Чин монанди эътилофи Кувод "Амрико, Австралия, Ҷопон ва Ҳинд" ва эътилофи паймони амниятии "Амрико, Британия ва Австралия" аст.