Ҳазфи садҳо унвони шуғлӣ дар "General Motors"
Ширкати "General Motors" (GM.N) садҳо унвони шуғлӣ дар сутӯҳи иҷроӣ ва идории худро барои коҳиши ҳазинаҳо ҳазф мекунад.
Хабаргузории Райтерз субҳи чаҳоршанбе навишт, Арден Ҳоффман, мудиромили "General Motors"дар номае ба кормандони худ эълом кард, худравсозии Детройт мутааҳҳид ба сарфаҷӯии 2 миллиарддолларӣ дар ду соли оянда аст.
Вай афзуд, ин барнома бо коҳиши ҳазинаҳои ҷорӣ ва ҷонибии ширкат ва содатар кардани хутути тавлид сурат хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи вай, барои расидан ба аҳдоф ва шикаст додани рақибон ниёз ба тағйир фарҳанг аст.
Арден Ҳоффман тасреҳ кард, ба коркунон ва мудирони худ дар сатҳи ҷаҳонӣ ихтиёрот хоҳем дод то дасти онҳо барои расидагии фаврӣ ба чолишҳо боз бошад. Ин як тағйири бунёдини фарҳангӣ барои амалкарди меҳвар будан ва посухгӯтар шудани бахшҳои мухталифи ин ширкат аст.