Март 04, 2023 11:55 Asia/Dushanbe
  • Қатли донишманди русии созандаи ваксинаи Спутник – V

Донишманди рус, ки ваксинаи коронаии Спутник – V-ро тавлид карда буд, дар хонае дар Маскав ба қатл расид .

Андрей Ботиков аз ҷумлаи донишмандоне буд, ки пас аз муваффақият дар кашфи ваксинаи коронаии Спутник – V мавриди тақдири Владимир Путин қарор гирифт ва медали ифтихори Кремлро аз раиси ҷумҳӯр дарёфт кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Кумитаи таҳқиқоти ҷиноӣ эълом кард Андрей Ботиков-донишманди русии маркази таҳқиқоти пизишкии « Гамалеи » ва яке аз кошифони ваксинаи « Спутник - V» рӯзи ҷумъа дар хонаи худ воқеъ дар хиёбони « Рогова »и шаҳри Маскав ба дасти як марди ҷавони 29 сола ба қатл расид.
Дар таҳқиқоти тими ҷиноӣ мушаххас шуд қотили 29 сола Андрей Ботиков  47 соларо бо камарбанд хафа ва сипас фирор кардааст .
Неруҳои амниятии Русия низ дар гузориши худ зимни таъйиди даргирии байни қотилу мақтӯл пеш аз қатл, мушкилоти хонаводагиро иллати ин ҳодиса эълом карданд.
 

 

Барчасп