Декабр 17, 2016 19:55 Asia/Dushanbe

3-юмин гирдиҳамоии солонаи Эроншиносон, устодони забони форсӣ ва аъзои аршади Иниститути шарқшиносии Русия дар Маскав баргузор шуд. Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, даҳҳо нафар аз Эроншиносон ва устодони забони форсӣ аз саросари Русия дар ин гирдиҳамоии солона ширкат карданд.

Ҳадаф аз ин гирдиҳамоӣ табодули таҷрибиёт ва ироаи осори амалӣ ва назарӣ дар бораи Эрон аст.

Ҳамакнун дар 23 маркази бузурги илмӣ ва донишгоҳӣ дар саросари Русия, забони форсӣ ҷузъи дарсҳои аслӣ дар давраҳои коршиносӣ, коршиносии аршад ва докторо аст.

Дар соли таҳсилии 2016-2017 курсҳои омӯзиши забони форсӣ дар донишгоҳҳои Русия, 50 дарсад афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп