Вокуниши Ашраф Ғанӣ ба куштори кормандони зани фурудгоҳи Қандаҳор
https://parstoday.ir/tg/news/world-i9967-Вокуниши_Ашраф_Ғанӣ_ба_куштори_кормандони_зани_фурудгоҳи_Қандаҳор
Раиси ҷумҳури Афғонистон куштори ғайринизомён ва занонро нишонаи хорӣ ва заъфи душманони мардуми Афғонистон донист.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 18, 2016 12:47 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ашраф Ғанӣ ба куштори кормандони зани фурудгоҳи Қандаҳор

Раиси ҷумҳури Афғонистон куштори ғайринизомён ва занонро нишонаи хорӣ ва заъфи душманони мардуми Афғонистон донист.

   Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар вокуниш ба куштори кормандони зани фурудгоҳи Қандаҳор, дар баёнияе таъкид кард, куштори ғайринизомён ва ба вижа заноне, ки ноновари хонавода‎ҳояшон буданд, дар ҳеҷ дин ва ойине асос надорад.

   Дар ин баёния омадааст, душманони Афғонистон бо ин иқдоми ваҳшёна як ‎бори дигар собит карданд, ки натанҳо дар муқобили арзиш‎ҳои исломӣ ва  афғонӣ қарор доранд, балки монеи тараққӣ ва пешрафти Афғонистон ҳастанд.

  Раисиҷумҳури Афғонистон дар ин баёния дар бораи пайгирӣ ва муҷозоти омилони ин ҷинояти бузург, ба орган‎ҳои марбута дастуроти лозимро содир кард.

   Афроди мусаллаҳи ношинос субҳи дирӯз, худрави ҳомили кормандони зани фурудгоҳи Қандаҳорро ҳангоми рафтан ба маҳалли кор мутаваққиф карданд ва панҷ сарнишини зан ва ронандаи марди онро ба зарби гулӯла куштанд.