Март 17, 2023 21:29 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи қатор аз хати оҳан дар Амрико
    Хуруҷи қатор аз хати оҳан дар Амрико

Дар идомаи сериали вожгунии қаторҳо дар Амрико, як қатори дигар дар иёлати Вашингтон аз рейл хориҷ шуд.

Панҷ қатори борӣ дар ду моҳи гузашта дар иёлатҳои Амрико аз хат хориҷ шудаанд ва ин бор шашумин ҳодисаи хуруҷи қатор аз рейл дар иёлати Вашингтон иттифоқ афтод.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, тибқи охирин додаҳои Созмони ҳифозат аз муҳити зисти Амрико, беш аз се ҳазор галон (канистр) сӯхти дизелӣ аз ин локомотиви осебдида ба берун нашт карду вориди хок шуд.

Бар асоси ин гузориш, ду локомотив дар тӯли шаб шаш вагони холиро мекашиданд, ки аз рейл хориҷ шуданд.

Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта низ як қатор дар наздикии марзи иёлат бо Калифорнияву Невада аз рейл хориҷ шуд.

 

Барчасп