Қисмати 924 сураи муборакаи “Ҷосияҳ” ояти 9-14
Қисмати 924 сураи муборакаи “Ҷосияҳ” ояти 9-14
9
وَإِذَا عَلِمَ مِنْ آیَاتِنَا شَیْئًا اتَّخَذَهَا هُزُوًا أُولَـئِکَ لَهُمْ عَذَابٌ مُّهِینٌ
Ва чун аз оёти мо чизе бидонад, онро ба масхара мегирад. Ононанд, ки барояшон азобе хоркунанда аст.
10
مِّن وَرَائِهِمْ جَهَنَّمُ وَلَا یُغْنِی عَنْهُم مَّا کَسَبُوا شَیْئًا وَلَا مَا اتَّخَذُوا مِن دُونِ اللَّـهِ أَوْلِیَاءَ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِیمٌ
Дузах пешорӯи онҳост ва ончиро ба даст оварда ва андухтаанд ва ончи аз ғайри Худодӯст гирифтаанд, ба корашон намеояд ва барои онони азобе бузург аст.
11
هَـذَا هُدًى وَالَّذِینَ کَفَرُوا بِآیَاتِ رَبِّهِمْ لَهُمْ عَذَابٌ مِّن رِّجْزٍ أَلِیمٌ
Ин Қуръон мояи ҳидоят аст ва касоне, ки ба оёти парвардгорашон куфр варзиданд, барои онҳо азобе сахт ва дарднокест.
Дар барномаи қабл, сухан аз касоне буд, ки оёти иллоҳиро шунида, аз он огоҳ шудаанд, аммо аз рӯи такаббуру лаҷоҷат ҳозир ба пазириши он нестанд ва ба инкору мухолифати худ исрор меварзанд.
Ин оя мефармояд: Онҳо на фақат оёти иллоҳиро, ки шунида ва фаҳмидаанд, намепазиранд, балки онро ба тамасхур мегиранд ва дар мақоми таҳқири паёмбару муъминон бармеоянд. Худованд низ онҳоро дар дунёву охират, хору залил мекунад.
Дар қиёмат, ҳечяк аз дороиҳо ва амволи касоне, ки ба ҷои Худо ба суроғи онҳо рафта ва ба онон такя карда буданд, гиреҳе аз кори онҳо намекушоянд. Онҷост, ки пастӣ ва ҳақорати хешро дарк мекунанд ва худро дарбаробари азоби иллоҳӣ, танҳову бепаноҳ мебинанд.
Оя дар идома мефармояд, ин Қуръон мояи ҳидоят аст, ҳақро аз ботил ҷудо карда, саҳнаи зиндагии инсонро равшан месозад ва раҳрувони роҳи ҳақро ба сарманзили мақсуд мерасонад. Аммо барои касоне, ки ба оёти парвардгорашон куфр меварзанд, азобе сахту дарднок аст.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Азобу муҷозот мутаносиб бо навъи гуноҳи бандагон аст. Ба ҳамин далел кайфари масхара кардан зиллату хорист.
2 - Кофирон дар дунё ба сарват, қудрат ва дӯстони худ такя мекунанд, вале дар қиёмат ҳечяк аз инҳо короие надорад.
3 - Касе, ки ҳидояти иллоҳиро канор бигузорад, гирифтори палидӣ ва олудагӣ мешавад, ки дар қиёмат муҷиби заҷри ӯ мешавад.
12
اللَّـهُ الَّذِی سَخَّرَ لَکُمُ الْبَحْرَ لِتَجْرِیَ الْفُلْکُ فِیهِ بِأَمْرِهِ وَلِتَبْتَغُوا مِن فَضْلِهِ وَلَعَلَّکُمْ تَشْکُرُونَ
Худо касе аст, ки дарёро барои шумо ром кард, то каштиҳо ба фармони ӯ дар он равон шаванд ва аз фазли ӯ рӯзии хешро талаб кунед ва шояд, ки сипосгузорӣ кунед.
13
وَسَخَّرَ لَکُم مَّا فِی السَّمَاوَاتِ وَمَا فِی الْأَرْضِ جَمِیعًا مِّنْهُ إِنَّ فِی ذَلِکَ لَآیَاتٍ لِّقَوْمٍ یَتَفَکَّرُونَ
Ва ончиро дар осмонҳову ончиро дар замин аст, барои шумо ром кард, ҳама аз ӯст. Ҳамоно дар ин амр барои касоне, ки меандешанд, нишонаҳое аст.
Ин оя ба гушаҳои дигаре аз нишонаҳои тавҳид дар ҳастӣ ишора карда ва мефармояд: Шумо барои тиҷорат бар каштӣ савор мешавед ва аз тариқи дарёҳо ба нуқоти мухталифи ҷаҳон сафар мекунед.
На фақат дарёҳо, балки ҳамаи падидаҳои табиӣ дар замину осмон, назири хуршеду моҳ, боду борон, маодин ва манобеи зеризаминӣ, ҷангалҳо, саҳроҳо ва кӯҳҳо, ҳамаро Худованд дар хидмати шумо ва дар масири манофеи шумо қарор дод..
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Худованд ҳама ҳастиро роми инсон қарор дода, то аз он дар ҷиҳати манофеи хеш баҳра бигирад. Аммо башар ҳатто ҳозир ба сипосгузорӣ аз худованд нест.
2 - Талош барои таъмини маишат, мавриди суфориши дини ислом аст ва рифоҳи дунявӣ бо диндорӣ мунофоте надорад.
3 - Тафаккур дар падидаҳои гуногуни ҳастӣ, моро ба Худо мерасонад ва имони мубтанӣ бар маърифату огоҳӣ дар мо эҷод мекунад.
14
قُل لِّلَّذِینَ آمَنُوا یَغْفِرُوا لِلَّذِینَ لَا یَرْجُونَ أَیَّامَ اللَّـهِ لِیَجْزِیَ قَوْمًا بِمَا کَانُوا یَکْسِبُونَ
Ай паёмбар! Ба касоне, ки имон овардаанд, бигӯ: Аз касоне, ки ба Айёмуллоҳ [рӯзҳои Худо] умед надоранд, даргузаранд, то Худо ҳар қавмеро ба сабаби ончи муртакиб мешуданд, муҷозот кунад.
Дар хусуси такаббурварзии кофирон дарбаробари оёти иллоҳӣ ва исрори онҳо бар ақоиди ботилу нодурусти худ, ин оя хитоб ба муъминон мефармояд: Бо касоне, ки рӯзи қиёматро инкор мекунанд, баҳсу ҷидол накунед ва онҳоро ба Худо вогузоред, то Худованд бо онҳо бархурд карда ва ба кайфар бирасонад.
Албатта дар мавриди кофироне, ки аз рӯи ҷаҳл, гирифтори ширку куфр шудаанд, бояд бо онҳо бо бузургворӣ бархурд кард, то мабодо фосилаи онҳо аз ҳақ бештар шавад.
Аз ин оя меомӯзем:
1 - Шеваи бархурд бо мухолифон, бо таваҷҷуҳ ба шароити онон ва вазъияти муъминон, мутафовит аст. Гоҳ бояд дарбаробари онон истод ва муқовимат кард ва гоҳ низ бояд ононро ба ҳоли худ раҳо карда ва корашонро ба Худо вогузор намуд.
2 - Кайфари иллоҳӣ мутаносиб бо амали мост. Он ҳам амале, ки сираву машии зиндагии мо шудааст ва ҳамвора ба анҷоми он исрор меварзем.