Апрел 17, 2021 10:53 Asia/Dushanbe

Қисмати 928 сураи муборакаи “Ҷосияҳ” ояти 33-37

33

«وَبَدَا لَهُمْ سَیِّئَاتُ مَا عَمِلُوا وَحَاقَ بِهِم مَّا کَانُوا بِهِ یَسْتَهْزِئُونَ»

Тарҷумаи ин оя чунин аст:

«Ва бадиҳои аъмолашон барояшон равшан мешавад ва ончиро ба масхара мегирифтанд, ононро фаро мегирад».

Дар барномаи қабл сухани мункирони меъод (пас аз марг) баён шуд, ки бо лаҳне тамасхуромез мегуфтанд: Мо намедонем Қиёмат чист ва занну гумоне ба вуқӯи он надорем.

Ин оя дар посухи онҳо мефармояд: Замоне, ки рӯзи Қиёмат фаро расад, парвандаи аъмолро ба дасти онҳо медиҳанд ва мебинанд, ки ҳамаи корҳояшон дар он сабт шудаву чизе қобили инкор нест. Дар он ҳангом, ки корҳои зишти онҳо дар баробарашон ошкор шуда ва таҷассум меёбад, мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки он чиро масхара мекарданд, имрӯз гиребони онҳоро гирифта ва онҳо роҳе барои фирор ва наҷот надоранд.

Аз ин оя меомӯзем:

1 . Қиёмат рӯзи бурӯзу зуҳури корҳои инсон ва осору авоқиби нопайдои онҳост.

2 . Аҳкому таъолими илоҳиро ба тамасхур нагирем, ки ин навъ бархӯрд рӯзе гиребонгири мо хоҳад шуд.

 

Акнун ба тафсири ояи 34 аз сураи “Ҷосия” мепардозем:

34

وَقِیلَ الْیَوْمَ نَنسَاکُمْ کَمَا نَسِیتُمْ لِقَاءَ یَوْمِکُمْ هَـذَا وَمَأْوَاکُمُ النَّارُ وَمَا لَکُم مِّن نَّاصِرِینَ

Тарҷумаи ин оя чунин аст:

«Ва ба онҳо гуфта шавад, имрӯз шуморо фаромӯш мекунем, ҳамон гуна, ки шумо дидори имрӯзатонро фаромӯш кардед ва ҷойгоҳи шумо оташ аст ва барои шумо ҳеҷ ёваре нахоҳад буд».

Дар фарҳанги Қуръон фаромӯшӣ агар табиӣ бошад, бозхосте надорад, зеро инсон ба таври табиӣ бархе умурро фаромӯш мекунад. Монанди он ки касе фаромӯш кунад намози худро бихонад. Аммо агар фаромӯшӣ ба маънои беэътиноӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба ҳукми Худо бошад, сазовори ҷазо аст, зеро дар воқеъ фаромӯшӣ нест, балки ба фаромӯшӣ супурдан аст.

Бархе афрод Қиёматро инкор мекунанд ва бар ин инкор исрор меварзанд. Бархе дигар ин чунин мавзеъ намегиранд, аммо дар амал ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба қиёмат надоранд ва ба гунае амал мекунанд, ки гӯё Қиёматро ба фаромӯшӣ супурдаанд. Ҳар ду гуруҳ мутаносиб бо ақидаву амалашон ҷазо дода мешаванду Худованд ба гунае бо онҳо бархӯрд мекунад, ки гуё ононро фаромӯш карда ва аз раҳмати бепоёни худ маҳрум сохтааст. Албатта ин ки Худованди раҳиму меҳрбон касеро ба фаромӯшӣ бисупорад ва аз тамоми алтофи худ маҳрум кунад, барои инсон бисёр дарднок ва ҷонкоҳ аст. Оя дар поён ба ин нукта ишора мекунад, ки ҷойгоҳи чунин афроде Дузах аст ва ҳеҷ ёру ёваре надоранд.

Аз ин оя меомӯзем:

1 . Ҳар кас дар бовару рафтори худ Қиёматро ба фаромӯшӣ биспорад, дар Қиёмат ҳамчун афроди фаромӯшшуда бо ӯ бархӯрд мешавад ва Худованд ӯро ба ҳоли худ вогузор мекунад.

2 . Имон ба меъод кофӣ нест, инсони муъмин бояд дар ҳамаи ҳол меъодро ба ёд дошта бошад.

 

Акнун ба тафсири ояи 35 аз сураи “Ҷосия” гӯш месупорем:

35

ذَلِکُم بِأَنَّکُمُ اتَّخَذْتُمْ آیَاتِ اللَّـهِ هُزُوًا وَغَرَّتْکُمُ الْحَیَاةُ الدُّنْیَا فَالْیَوْمَ لَا یُخْرَجُونَ مِنْهَا وَلَا هُمْ یُسْتَعْتَبُونَ

Тарҷумаи ин оя чунин аст:

«Ин ба он сабаб аст, ки шумо оёти Худоро ба масхара гирифтеду зиндагии дунёӣ шуморо фирефт. Пас имрӯз на аз Дузах берун оварда мешаванд ва на узрашонро мепазиранд».

Дар идомаи оёти қабл, ин оя решаи дузахӣ шуданро ду чиз медонад: Яке фирефта шудан ба дунё ва дигаре тамасхури оёти Худо. Дар воқеъ дилбастагии шадид ба дунё боис мешавад инсон дунёи пас аз марг ва додгоҳи Қиёматро инкор кунад то бо хаёли осудаву роҳат ба ирзои лаззоту хостаҳои нафсонии худ бипардозад.

Ин афрод дар баробари касоне, ки ононро ба ёди ҷазои Дузах меандозанд, бо ҳолати тамасхур мегӯянд: Чи касе аз он дунё хабар оварда, ки шумо моро аз он метарсонед? Кадом Биҳишт? Кадом Дузах? Инҳо ҳама ваъдаҳои пуч аст. Нақдро бигир ва насияро раҳо кун!

Равшан аст, чунин афроде бо ин гуна афкор ба дунболи тавба ва бозгашт нестанд ва дар ин вазъият аз дунё мераванд. Онон дар Қиёмат роҳе барои раҳоӣ аз Дузах намеёбанд ва узри қобили қабуле надоранд то мояи наҷоти онҳо аз оташ шавад.

Аз ин оя меомӯзем:

1 . Маншаи бадоқибат шудани инсон фирефта шудан ба дунё ва сарвату қудрату лззоти он аст.

2 . Худованд ҳуҷҷатро бар ҳамаи бандагонаш тамом кардаву роҳи узру баҳонаро бар онҳо бастааст то дар Қиёмат касе иддао накунад: Намедонистам.

 

Акнун ба тарҷумаи оёти 36 ва 37 аз сураи “Ҷосия” мепардозем:

Тарҷумаи ин оёт чунин аст:

36

فَلِلَّـهِ الْحَمْدُ رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَرَبِّ الْأَرْضِ رَبِّ الْعَالَمِینَ»،

Пас ҳамду ситоиш махсуси Худованд аст. Парвардгори осмонҳову Парвардгори замин, Парвардгори ҳамаи ҷаҳониён,

 

37

«وَلَهُ الْکِبْرِیَاءُ فِی السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَهُوَ الْعَزِیزُ الْحَکِیمُ

 

« Ва бузургиву азамат дар осмонҳову замин (фақат) барои Ӯст ва Ӯ азиз ва ҳаким аст».

Ин оёт, ки оёти поёнии сураи “Ҷосия” аст, ба ҷойгоҳи Худованд дар ҳастӣ ишора карда ва мефармояд: Тадбири умури ҳастӣ дар осмонҳо бо азамату каҳкашонҳои бепоён дар ихтиёри Худованд аст, чунон ки тадбири умури замину заминиён, ки дар ин ҳастӣ бо азамат бисёр ночиз шумурда мешавад, тавассути Худованд сурат мегирад.

Ӯ бо қудрати бепоёну шикастнопазири худ ва бар асоси илму ҳикмати устувораш, ҳастиро идора мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи мо инсонҳо шинохти дурусти Худованд ва ҷойгоҳу нақши ӯ дар олами ҳастӣ аст ва табъан ин маърифат ба сипосу ситоиши ӯ мунҷар мешавад. Зеро ҳар хайру баракате аз ноҳияи зоти поки Ӯст ва тамоми ситоишҳо ба Ӯ боз мегардад.

Дар охирин оя ба ин мавзуъ ишора шуда, ки осори азамати Худованд дар паҳнаи осмон ва саросари замин ва ҳамаи ҷаҳон ошкор аст ва азамату бузургӣ дар осмонҳову замин танҳо аз они Ӯст.

Аз ин оёт меомӯзем:

1 . Тамоми ҳастӣ таҳти иродаи як Худованд идора мешавад ва дар ин амр тафовуте миёни замину осмон ё падидаҳои гуногун вуҷуд надорад.

2 . Иззату қудрат дар сурате корсоз аст, ки дар сояи илму ҳикмат бошад.

3 . Ибодати Худованд дар гарави маърифати дурусти Ӯст ва танҳо Ӯ шоистаи бузургӣ ва ҳамду ситоиш аст.

Бо поён ёфтани сураи “Ҷосия” иншоаллоҳ дар барномаи баъд тафсири осону равони сураи “Аҳқоф” -ро оғоз мекунем. Шумо азизонро ба Худои бузург месупорем ва дар интизори дарёфти назарот ва пешниҳодҳои Шумо ҳастем. Худо нигаҳдор.