Қисмати 932 сураи муборакаи “Аҳқоф” ояти 15-18
Қисмати 932 сураи муборакаи “Аҳқоф” ояти 15-18
Бо дуруд бар равони поки паёмбари раҳмат, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бо салом ҳузури Шумо шунавандагони гиромӣ. Бо барномае дигар аз "Роҳе ба сӯи нур" дар хидмати Шумо ҳастем то бо тафсири осону равони оёте дигар аз каломи илоҳӣ дар Қуръони карим ошно мешавем.
Ибтидо ба тарҷумаи ояи 15 аз сураи “Аҳқоф” мепардозем:
15
«وَوَصَّیْنَا الْإِنسَانَ بِوَالِدَیْهِ إِحْسَانًا حَمَلَتْهُ أُمُّهُ کُرْهًا وَوَضَعَتْهُ کُرْهًا وَحَمْلُهُ وَفِصَالُهُ ثَلَاثُونَ شَهْرًا حَتَّى إِذَا بَلَغَ أَشُدَّهُ وَبَلَغَ أَرْبَعِینَ سَنَةً قَالَ رَبِّ أَوْزِعْنِی أَنْ أَشْکُرَ نِعْمَتَکَ الَّتِی أَنْعَمْتَ عَلَیَّ وَعَلَى وَالِدَیَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُ وَأَصْلِحْ لِی فِی ذُرِّیَّتِی إِنِّی تُبْتُ إِلَیْکَ وَإِنِّی مِنَ الْمُسْلِمِینَ»
Тарҷумаи ин оя чунин аст:
«Ва мо ба инсон супориш кардем, ки ба падару модари худ некӣ кунад, модараш ӯро бо сахтӣ ҳамл кард ва бо сахтӣ ба дунё овард ва даврони бордорӣ то аз шир гирифтанаш 30 моҳ аст, то онгоҳ, ки ба рушди комил бирасад ва чиҳил сола шавад, гӯяд: Парвардигоро маро тавфиқ деҳ то неъматеро, ки ба ман ва ба падару модарам арзонӣ доштаӣ, шукргузорӣ кунам ва кори шоистае анҷом диҳам, ки ту онро биписандӣ ва фарзандонамро барои ман солеҳу шоиста гардон. Ҳамоно ман ба сӯи ту бозгашта ва аз таслимшудагонам».
Яке аз муҳимтарин вижагиҳои дини Ислом тавваҷуҳ ба умури хонаводагӣ аст. Аз ин рӯ бахши қобили таваҷҷӯҳе аз оёти Қуръон ва омӯзаҳои динӣ ба ин мавзуъ ихтисос ёфтааст. Тавсия ба издивоҷ ва ташкили хонавода, равобити маваддатомезу саршор аз муҳаббату мудорои зану шавҳар дар муҳити хонавода, фарзандоварӣ ва тарбияти саҳеҳи фарзандон, роҳкорҳои амалӣ барои ҳалли мусолиматомези ихтилофоти хонаводагӣ, аҳёнан талоқу ҷудоӣ дар мавоқеи зарурӣ, ановини куллии мабоҳисе аст, ки дар оёти мухталифи Қуръон ба он пардохта шудааст.
Ин оя бо тавсияи Худованд ба ҳамаи инсонҳо, аъам аз муъмину ғайримуъмин оғоз мешавад. Дар ин оя ба гӯшае аз сахтиҳо ва ранҷҳое, ки волидайн, ба хусус модарон дар роҳи рушду парвариши фарзандон мутаҳаммил мешаванд, ишора шудааст то инсонҳоро ба хузуъ ва фурӯтанӣ дар баробари онон ва қадрдониву сипосгузорӣ аз онҳо савқ диҳад.
Муттаассифона, дар дунёи имрӯз, ки беш аз ҳад бар фардгароӣ ва хостаҳои фардӣ таъкид мешавад, омори издивоҷу ташкили хонавода рӯ ба коҳиш аст. Касоне ҳам, ки издивоҷ мекунанд, ба фарзандони кам иктифо мекунанд. Идомаи ин раванд мӯҷиби раванди коҳиши ҷамъият дар кишварҳои пешрафта ва пир шудани ҷавомеи онҳо шудааст.
Дар фарҳанги динӣ, касе, ки ба чиҳилсолагӣ мерасад, дар воқеъ ба авҷи камоли ҷисмӣ ва ақлии худ расидааст. Ба таври маъмул, чунин фарде дорои хонавода ва фарзандон аст. Аммо ин умур набояд ӯро аз волидайни худ ғофил созад, балки бояд беш аз пеш ба дунболи эҳсон ба волидайн бошад.
Равшан аст, ки эҳсон фарогиртар аз инфоқ аст ва фақат кумакҳои молиро дар бар намегирад. Зеро чӣ басо волидайн ниёзи молӣ надошта бошанд, аммо ташнаи муҳаббату тавваҷуҳи фарзандони худ бошанд. Ё ба хотири куҳансолӣ ба муроқибат ва дар сурати лузум ба дармону парасторӣ ниёз доранд, ки вожаи эҳсон ҳамаи ин умурро шомил мешавад.
Бо ин ҳол, тавваҷуҳ ба волидайн набояд фардро аз тавваҷуҳ ба ҳамсару фарзандонаш ғофил кунад. Аз ин рӯ, идомаи оя ба солеҳ будани фарзандону насл ишора карда, ки илова бар дуо ва дархост аз Худованд, ба талошу кӯшиши мустамари волидайн барои тарбияти ҳарчӣ беҳтари онон ниёз дорад.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Яке аз ҳуқуқе, ки ҳар падару модар бар гардани фарзанди худ доранд, эҳсон ба онҳо дар саросари зиндагӣ аст. Ин эҳсон бояд пайваста ва мустамар бошад, на дар ҳадди зарурату давраӣ.
2. Дар эҳсон ба волидайн, мусулмон будани онон шарт нест ва Ислом ин амрро тавсияи инсонӣ медонад, на имонӣ.
3. Гарчӣ ҳам ба падар ва ҳам ба модар бояд эҳсон кард, вале дар ин байн модар ба далели ранҷҳои даврони бордорӣ ва зоймону ширдиҳӣ, ҳаққи вижае бар фарзанд дорад ва бояд нисбат ба ӯ бештар муҳаббат ва эҳсон кард.
4. Ёдоварии сахтиҳо ва ранҷҳое, ки модарон кашидаанд, дар барангехтани эҳсосоту авотифи инсонии фарзандон муассир аст.
5. Дуо ва хидмат ба волидайн, дар канори дуо барои фарзандон ва тарбияти онҳо, аз тавсияҳои Худованд ба инсонҳост.
Акнун ба тарҷумаи ояи 16 аз сураи “Аҳқоф” мепардозем:
16
«أُولَـئِکَ الَّذِینَ نَتَقَبَّلُ عَنْهُمْ أَحْسَنَ مَا عَمِلُوا وَنَتَجَاوَزُ عَن سَیِّئَاتِهِمْ فِی أَصْحَابِ الْجَنَّةِ وَعْدَ الصِّدْقِ الَّذِی کَانُوا یُوعَدُونَ»
Тарҷумаи ин оя чунин аст:
«Онҳо касоне ҳастанд, ки беҳтарин корҳоеро, ки анҷом додаанд, аз онон мепазирем ва аз бадиҳояшон мегузарем, дар ҳоле, ки дар зумраи биҳиштиёнанд. Ҳамон ваъдаи росте, ки ҳамвора ба онон ваъда дода мешуд».
Дар ояи қабл ба тавсияи Худованд ба инсонҳо дар хусуси волидайну фарзандон ишора шуд. Ин оя подоши касонеро, ки ин тавсияи муҳими илоҳиро сарлавҳаи кори худ қарор медиҳанд, баён карда ва мефармояд: Худованд ваъда додааст, ки инсонҳои некӯкорро ба Биҳишт бибарад ва чӣ касе ростгӯтар аз Худованд, дар ваъдаҳое ки додааст?
Албатта шарти вуруд ба Биҳишт, пок шудан аз зангори гуноҳон аст. Ба ҳамин хотир, Худованд аз хатоҳои некӯкорон дармегузарад ва корҳои хубу писандидаи ононро ба беҳтарин ваҷҳ мепазирад. Ин бузургтарин лутфи Худованд ба афроди дурусткор аст, ки бо анҷоми як кори нек, чандин подош ба онҳо медиҳад.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Арзиши амал ба қабулии он аст, на сарфи анҷоми он. Ба таври мусаллам, амале дар даргоҳи Худованд мавриди қабул воқеъ мешавад, ки шароити лозимро дошта ва ба беҳтарин ваҷҳ анҷом шуда бошад.
2. Эҳсон ба волидайн, заминаи пазириши корҳои нек ва бархӯрдорӣ аз афву бахшиши Худованд аст.
3. Касе, ки ба волидайн, ба вижа модар хидмат кунад, дар ҳақиқат роҳи вуруд ба Биҳиштро бар худ ҳамвор сохтааст.
Акнун ба тафсири оёти 17 ва 18 аз сураи “Аҳқоф” мепардозем:
17
«وَالَّذِی قَالَ لِوَالِدَیْهِ أُفٍّ لَّکُمَا أَتَعِدَانِنِی أَنْ أُخْرَجَ وَقَدْ خَلَتِ الْقُرُونُ مِن قَبْلِی وَهُمَا یَسْتَغِیثَانِ اللَّـهَ وَیْلَکَ آمِنْ إِنَّ وَعْدَ اللَّـهِ حَقٌّ فَیَقُولُ مَا هَـذَا إِلَّا أَسَاطِیرُ الْأَوَّلِینَ»،
«Ва он ки ба падар ва модараш гуфт: Уф бар Шумо, оё ба ман ваъда медиҳед, ки [пас аз марг аз гӯр зинда] берун оварда мешавам? Дар ҳоле, ки наслҳои бисёре пеш аз ман даргузаштаанд [ва ҳаргиз зинда нашудаанд], вале волидайни ӯ Худоро ба фарёдрасӣ мехонанд [ва аз Ӯ ёрӣ металабанд]. Ба фарзандашон мегӯянд: Вой бар ту! имон биёвар, қатъан ваъдаи Худованд ҳақ аст. Аммо ӯ мегӯяд: Ин [ваъдаҳо] ҷуз афсонаҳои пешиниён нест.
18
«أُولَـئِکَ الَّذِینَ حَقَّ عَلَیْهِمُ الْقَوْلُ فِی أُمَمٍ قَدْ خَلَتْ مِن قَبْلِهِم مِّنَ الْجِنِّ وَالْإِنسِ إِنَّهُمْ کَانُوا خَاسِرِینَ»
«Онон касоне ҳастанд, ки дар миёни умматҳое аз ҷинну инс, ки пеш аз онон буданд, фармони азоб дар бораи онҳо қатъӣ шудааст. Бе гумон онон зиёнкор буданд».
Дар баробари фарзандони солеҳ, ки хадамоти волидайнро арҷ мениҳанд, дар баъзе аз хонаводаҳо фарзандони ноаҳлу носолиҳе бузург мешаванд, ки мояи гирифторӣ ва нороҳатӣ барои волидайни худ ҳастанд ва бо бадзабонӣ онҳоро меранҷонанд. Онҳо на танҳо ҳуқуқи волидайнро муроот намекунанд, балки тарбияти динии онҳоро низ намепазиранд. Ин афрод дар баробари даъвати волидайн ба Худопарастӣ, боварҳои динии ононро ба масхара гирифта ва ваъдаҳои паёмбарони илоҳиро дурӯғ мешуморанд.
Табиӣ аст, ки оқибати ин гуна афроди қадрнашносу ҳақситез, қарор гирифтан дар зумраи золимону гунаҳкорони ақвоми гузашта аст. Онон машмули қаҳру кайфари илоҳӣ мешаванд, саранҷоми шуму зиёнборе дар интизори онҳост ва роҳи гурезе аз он надоранд.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Бархе аз фарзандон, ноаҳл мешаванд ва аз масири ҳақ инҳироф пайдо мекунанд. Аммо вазифаи волидайн нисбат ба онҳо тард ва лаън нест, балки дуъо барои фарзандону даъвати онҳо ба роҳи ҳақ аст.
2. Волидайн дар қиболи иршоду ҳидояти фарзандони худ масъуланд ва бояд дар ҷиҳати тарбияти динӣ ва рушди маънавии онҳо бикӯшанд, гарчӣ натиҷаи мусбате аз саъй ва талоши худ нагиранд.
3. Касе, ки Худо ва Маъодро нодида мегирад, нисбат ба волидайн бе таъаҳҳуд мешаваду ҳуқуқи онҳоро зери по мегузорад, ҳатто мумкин аст дар баробари онон биистад.
Бо поён ёфтани ин барнома, Шумо азизонро ба Худои бузург месупорем ва дар интизори дарёфти назарот ва пешниҳодҳои Шумо ҳастем. Худо нигаҳдор.