Июл 17, 2021 12:39 Asia/Dushanbe

Қисмати 941 сураи муборакаи “Муҳаммад” ояти 25-28

                                               Ба номи Худо

(25)


«إِنَّ الَّذِینَ ارْتَدُّوا عَلَى أَدْبَارِهِم مِّن بَعْدِ مَا تَبَیَّنَ لَهُمُ الْهُدَى الشَّیْطَانُ سَوَّلَ لَهُمْ وَأَمْلَى لَهُمْ»


«Шайтон аъмоли касонеро, ки баъд аз ошкор шудани роҳи ҳидоят муртад шуданд (аз дин гаштанд) ва боз гаштанд, (ба куфр гумроҳияшон) дар назарашон биорост ва орзуяшонро дароз кард. «


Дар барномаи қабл сухан аз мунофиқони суст имоне буд, ки худро аз тадаббур дар оёти Қуръон маҳрӯм карда ва ба таъбири Қуръон, гӯё бар дилҳои онон қуфл хӯрда аст.
Ин оя мефармояд: Касе, ки ҳидояти Қуръону Паёмбарро канор бигузорад,  пайрави шайтон мешавад. Табиӣ аст, ки шайтон ибтидо кори зиштеро барои ӯ зебо ҷилва медиҳад ва сипас ӯро ба анҷоми он даъват мекунад. Ҳамин сабаб мешавад, ки инсон ба корҳои зишти худ фирефта шавад.
Чунин фарде ояндаи худро низ бар асоси орзӯҳое барномарезӣ мекунад, ки ҳар рӯз ӯро аз роҳи ҳақ дуртар месозаду имкони бозгашт ба роҳи ростро барои вай душвор мекунад.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Бархилофи тасаввури мунофиқон, ки худро афроде равшанфикр ва мутараққӣ медонанд, аз назари Қуръон онон афроде муртаҷеъ ва вопасгаро ҳастанд, ки аз роҳи равшани ҳидоят ба торикии залолат бозгаштаанд.
2. Пайравӣ аз васвасаҳои шайтон, аз авомили осебрасон ба имони фард аст ва саранҷоми он, дур шудани инсон аз роҳи ҳаққу бадоқибат шудан аст.
3. Огоҳӣ ва илм ба ҳақиқат ба танҳоӣ кофӣ нест, балки бояд бо васвасаҳои шайтон низ бо ҷиддият мубориза кард.
4. Зебо ҷилва додани бадиҳо ва орзӯҳои тулонӣ, абзори кори шайтон аст.


(26)


«ذَلِکَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا لِلَّذِینَ کَرِهُوا مَا نَزَّلَ اللَّهُ سَنُطِیعُکُمْ فِی بَعْضِ الْأَمْرِ وَاللَّهُ یَعْلَمُ إِسْرَارَهُمْ‏‏»

Ва ин (аз дин баргаштанашон) ба он сабаб аст, ки ба он гурӯҳ, ки оёти Худоро нохуш медоштанд мегуфтанд: Мо дар баъзе аз корҳо фармонбардори шумо ҳастем. Ва Худо аз розашон огоҳ аст.»


Ин оя ба иртиботи мунофиқон бо кофирон ишора карда ва мефармояд: мунофиқони Мадина ба суроғи яҳудёни Мадина мерафтанд, бо онон паймони ҳамкорӣ мебастанд ва дар бархе умур, ки манофеашон муштарак буд, алайҳи мусулмонон иқдом мекарданд. Албатта онҳо саъй мекарданд ин иртиботро аз Паёмбару мусулмонон махфӣ нигаҳдоранд. Аммо Қуръон мефармояд: Худованд ин хиёнати онҳоро ифшо мекунад то тавтеаи онҳо ошкор шаваду мардум онҳоро бишносанд.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Мусулмонон бояд муроқиб бошанд ва бидонанд, ки бархе аз афроди ҷомеъаи исломӣ бо душманону кофирон робита доранд ва бо онон ҳамдаст ҳастанд. Ин гуруҳ ҳозиранд манофеи ҷомеъаи исломиро фидои манофеи худ ва душманон кунанд.
2. Равобити мунофиқон бо душманон ошкор нест, балки номаҳсус ва махфиёна аст. Лизо масъулони ҷомеъа бояд ҳушёр бошанду дар ҷиҳати кашфи ин равобити пинҳонӣ аз шеваҳо ва абзорҳои муносиб истифода кунанд.
3. Инсон бояд тавваҷуҳ дошта бошад, ки Худованд аз ҳамаи корҳои махфӣ ва асрори ӯ огоҳ аст ва агар ба ин амр бовар дошта бошад, аз тавтеъа кардан алайҳи дигарон даст бар медорад.



(27)

«فَکَیْفَ إِذَا تَوَفَّتْهُمُ الْمَلَائِکَةُ یَضْرِبُونَ وُجُوهَهُمْ وَأَدْبَارَهُمْ»

«Чӣ гунаанд онгоҳ, ки фариштагон онҳоро мемиронанд ва бар чеҳраҳову пуштҳояшон мезананд?»

 

(28)

«ذَلِکَ بِأَنَّهُمُ اتَّبَعُوا مَا أَسْخَطَ اللَّهَ وَکَرِهُوا رِضْوَانَهُ فَأَحْبَطَ أَعْمَالَهُمْ»

«Ин ба ҷои он аст, ки аз он чӣ Худоро ба хашм меоварад, пайравӣ мекардаанд ва аз ончӣ хушнудаш месохта бадбинӣ доштаанд. Худо низ аъмолашонро (савоби амалҳои некашонро) нобуд кард.»

Дар идомаи оёти қабл, ин оя ба поёни кори мунофиқон дар дунё ишора карда ва мефармояд: онон ба сахтӣ ҷон медиҳанд. Зеро фариштагоне, ки маъмури гирифтани ҷон ҳастанд, ибтидо ононро заҷр медиҳанд, сипас қабзи рӯҳ мекунанд. Ин навъи ҷон додан, натиҷаи, кирдори худи онҳост. Ин бидон сабаб аст, ки онон корҳоеро, ки Худо аз он хушнӯд буд, анҷом намедоданд ва ба акс, корҳоеро, ки мавҷиби норизоятии Худо буд, анҷом медоданд.

Ба таври табиӣ ҳамаи мо дар мақотеъи мухталифи зиндагӣ бар сари ду роҳиҳое қарор мегирем, ки бояд як роҳро интихоб кунем. Вале умуми мардум роҳеро интихоб мекунанд, ки бо тамоюлоти онон созгортар аст ва манофеи онҳоро бештар таъмин мекунад.

Дар ҳоле, ки бар асоси фарҳанги қуръонӣ, милоки интихоби инсони муъмин дар ду роҳиҳои зиндагӣ, хостаҳо ва манофеи худаш нест, балки омили таъйинкунанда барои ӯ, ризоят ё адами ризояти Парвардигор аст. Яъне ончиро Худо розӣ аст, анҷом медиҳад, гарчӣ бо тамоюлоти ӯ носозгор бошад ва ҳарчиро Худо норозӣ аст, тарк мекунад, гарчӣ дилаш бихоҳад ва ба он кор тамоюл дошта бошад.


Аз ин оёт меомӯзем:
1. Марг поёни кори инсон нест, балки поёни зиндагии дунявии ӯст ва фариштагон, рӯҳеро, ки дар оғози офариниши инсон ба ӯ дода шуда, ба таври комил бозпас мегиранд.
2. Марги инсонҳои мунофиқ ва ду рӯ, сахту ҳамроҳ бо азоб ва хорӣ аст.
3. Гарчӣ инсон дар интихоби роҳи худ озод аст, аммо бояд осор ва паёмадҳои ҳаргуна интихоби худро бипазирад. Бидуни шак, пайравӣ аз ризои илоҳӣ, паёмадҳои хубу созандае барои инсон дораду мухолифат бо ризои Худо, паёмадҳои сахт ва дарднок.
4. Корҳои инсон, ҳарчанд ба зоҳир хубу зебо ва мавриди писанди мардум бошад, аммо агар мавриди ризои Худо набошад, табоҳ мешавад.