Август 07, 2021 12:54 Asia/Dushanbe

Қисмати 944 сураи муборакаи “Муҳаммад” ояти 36-38

                                                             Ба номи Худо

(36)

«إِنَّمَا الْحَیَاةُ الدُّنْیَا لَعِبٌ وَلَهْوٌ  وَإِن تُؤْمِنُوا وَتَتَّقُوا یُؤْتِکُمْ أُجُورَکُمْ وَلَا یَسْأَلْکُمْ أَمْوَالَکُمْ»

 

«Зиндагии ин ҷаҳон фақат бозиву беҳудагист (магар он, ки барои Худо бошад). Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, Худо подошҳоятонро хоҳад дод. Ва аз шумо амволатонро наметалабад.»

(37)

«إِن یَسْأَلْکُمُوهَا فَیُحْفِکُمْ تَبْخَلُوا وَیُخْرِجْ أَضْغَانَکُمْ»

 

«Агар аз шумо моле талабад ва ба исрор ҳам талабад, он гоҳ бухл меварзед ва кинаҳои нуҳӯфтаатонро ошкор месозад.»


Яке аз авомили вобастагӣ ба дунё, нигоҳи нодуруст ба зиндагонии ин ҷаҳон аст. Касе, ки тасаввур мекунад сарвату қудрати ӯ дар дунё боқӣ ва мондагор аст, ба он дилбастагӣ пайдо мекунад. Чунин касе ҳозир нест дар роҳи Худо аз амволу дороиҳои худ бигзарад ва ё аз қудрати худ дар роҳи тақвияти дини илоҳӣ баҳра бигирад.
Дар нигоҳи аҳли имон, дунё ба манзалаи ҷоддаест, ки аз миёни даштҳо ва ҷангалҳои зебо мегузарад; иддаи бисёре аз мардум, мақсадро фаромӯш карда ва дар канори ҷодда меистанду машғули тафреҳу саргармӣ дар зери дарахтону канори рӯдхонаҳо мешаванд.
Аммо аҳли имон мақсадро фаромӯш намекунанд. Онҳо ҳам монанди соирин дар ҳадди ниёз дар канори ҷодда меистанд то мояҳтоҷи худро бардоранд, вале таваққуфи онҳо тулонӣ несту ҳаракати худро ба сӯи мақсад бо суръат идома медиҳанд. Афзун бар он, аҳли имон, ҷоддаи зиндагиро бар асоси тақво тай мекунанд, то муртакиби тахаллуф аз қавонини илоҳӣ дар тайи масир нашаванд ва ба саломат ба мақсад бирасанд.
Табиӣ аст, касе дар ин ҷодда сареътар ҳаракат карда ва ба мақсад мерасад, ки нахоҳад бору тушаи бисёр бардорад то ҳамвора нигарони ҳифзи онҳо бошад. Балки дар ҳар манзиле, ки меистад, танҳо ончиро барои манзили баъдӣ лозим аст, бармедораду бақияро барои дигарон, ки ниёз доранд, барҷо мегузорад.
Оре! ончӣ монеъи ҳаракати инсон дар ҷоддаи зиндагӣ мешавад, ҳирс ва бухл аст, ки намегузорад инсон сабукбор ва чолок шуда ва сареътар ба мақсад бирасад.
Аз ин оёт меомӯзем:
1. Саргарм шудан ба дунё, дилбастагии шадид ба он ва фаромӯш кардани охират, бо имону тақвои илоҳӣ созгор нест.
2. Дунёи инсонҳои беимон, монанди дунёи кудакон аст, ки ба бозичаҳои худ дил бастаанд ва бо бозӣ ва саргармӣ, рӯзгор мегузаронанд.
3. Доштани молу сарват барои гузарони зиндагии дунё лозим аст, аммо ба миқдори, кифоят, ки инсон муҳтоҷи дигарон нашавад; на онкӣ танҳо ҳадафи зиндагӣ, ҷамъи молу анбошта кардани он бошад.
4. Ҳирсу бухл, инсонро аз анҷоми таколифи динӣ дар мавриди инфоқу эҳсон боз медорад.


(38)


«هَا أَنتُمْ هَؤُلَاءِ تُدْعَوْنَ لِتُنفِقُوا فِی سَبِیلِ اللَّهِ فَمِنکُم مَّن یَبْخَلُ  وَمَن یَبْخَلْ فَإِنَّمَا یَبْخَلُ عَن نَّفْسِهِ  وَاللَّهُ الْغَنِیُّ وَأَنتُمُ الْفُقَرَاءُ وَإِن تَتَوَلَّوْا یَسْتَبْدِلْ قَوْمًا غَیْرَکُمْ ثُمَّ لَا یَکُونُوا أَمْثَالَکُم‏»

 

‏»Огоҳ бошед, ки шуморо даъват мекунанд, то дар роҳи Худо бахшиш кунед. Баъзе аз шумо бухл меварзанд ва ҳар кас ки бухл варзад, дар ҳаққи худ бухл варзида аст. Зеро Худо бениёз аст ва шумо ниёзмандонед. Ва агар рӯй бартобед, ба ҷои шумо мардуме дигар орад, ки ҳаргиз ҳамсони шумо набошанд. «


Ин оя, ки охирин оя аз сӯраи Муҳаммад (с) аст, дар идомаи оёти пешин, ба дилбастагии гуруҳе аз муъминон ба молу сарвати дунё ва адами инфоқи он дар роҳи Худо ишора карда ва мефармояд: Агар шумо ба Худо имон доред, иқтизои имон, танҳо намоз ва рӯза нест, ки ҳазинаи молӣ надорад, балки лозимаи имон ба Худо, пардохти бахше аз амвол ба унвони закот, ё ҷиҳод дар роҳи тақвияти дини Худост. Албатта касоне, ки аз ин кор бухл меварзанд, гумон накунанд, Худованд муҳтоҷи онҳост, ки чунин фармоне додааст, балки онҳо ба Худо ниёз доранд ва ҳарчӣ бухл варзанд, дар воқеъ худро аз дарёфти подошу раҳмати илоҳӣ дар дунё ва охират маҳрум сохтаанд.
Поёни оя бо лаҳне таҳдидомез мефармояд: Гумон накунед, чун шумо имон доред, ҳамвора машмули лутфу раҳмати Худованд дар дунё ҳастед. Агар шумо ҳам дар анҷоми вазифаи худ дар ҳифзи дини Худо ва мубориза бо душманони илоҳӣ кутоҳӣ кунед, ба мурур аз қудрати шумо коста шуда ва аз байн меравед. Дар он сурат, Худованд гуруҳеро ҷойгузини шумо мекунад, ки дар роҳи дифоъ аз дини Худо кушо ҳастанд ва аз пардохти бахше аз амволи худ дар роҳи Худо бухл намеварзанд.
Аз ин оя меомӯзем:
1. Бухл дар инфоқ, бо имон ба Худо созгор несту муъмин бахил намешавад.
2. Бадеҳист инсон бояд мутаносиб бо тавони молии худ, дар роҳи Худо инфоқ кунад. Ӯ бояд таваҷҷуҳ дошта бошад, ки Худо бениёзи мутлақ аст ва ӯ бо ҷамъи молу сарват, ҳечгоҳ аз Худо бениёз намешавад.
3. Аҳли имон ҳангоме аз нусрату ҳимояти илоҳӣ бархӯрдор мешаванд, ки ба вазоифи хеш ба дурустӣ амал кунанду Худованд ба касе тазмин надодааст.
4. Базли ҷону мол дар роҳи Худо, омили бақо ва истимрори ҷомеъа аст ва тарки он аз рӯи дилбастагӣ ба дунё, сабаби фурупошии ҷомеъа ва ҷойгузинии қавму гуруҳи дигар мешавад.