Апрел 10, 2017 12:48 Asia/Dushanbe
  • Ҷилваи Қуръон ба унвони роҳнамои бузург дар зиндагии ҳазрати Ризо (а)

Имом Ризо (а) ҳар се рӯз як бор Қуръонро хатм мекард ва бо тааммул дар оёти он меандешид.

Муқаддима

Қуръон онқадар боазамат ва арзишманд аст, ки охирин Паёмбар (с) уҳдадори тафсир ва табйини он шуд ва пас аз вай аҳли байт, ки адли Қуръон муаррифӣ шудаанд, уҳдадори чунин амри муҳим шуданд. Имом Ризо алайҳиссалом, ки яке аз ҳамон муфасарони воқеии Қуръон буд, дар тули зиндагии пурбаракаташ инояти бисёр вижае ба ин роҳнамои бузург дошт ва илова бар истифодае, ки дар буъди шахсӣ ва фардӣ аз он дошта, дар абъоди дигар низ баҳраҳои фаровоне аз ин китоб гирифта ва ба дигарон интиқол дода аст. Ин навиштор ба тарсими гӯшае аз симоии қуръонии он бузургвор мепардозад.

Қуръон дар зиндагии имом Ризо (а)

Мавридҳои зер мисдоқҳое аз ҳузури Қуръон дар зиндагии Имом Ризо (а) мебошад:

 1-Ҳар се рӯз як бор хатми Қуръон.

Ҳазрат ҳар се рӯз як бор Қуръонро хатм мекард ва он гоҳ мефармуд: Агар мехостам зудтар аз се рӯз онро ба поён бирасонам, метавонистам, аммо нахостам чунин кунам, зеро дар мавқеи тиловат ба ҳар ояе, ки мерасидам дар он фикр ва андеша мекардам, ки дар бора чӣ чиз ва дар чӣ замон нозил шуда аст. Ба ин ҷиҳат дар ҳар се рӯз як бор Қуръонро ба поён мерасонам.

2-Қироати Қуръон дар бистари хоб

Имом Ризо (а) ба ҳангоми хоб дар рахти хоби хеш фаровон Қуръон мехонд ва ҳар гоҳ ба ояе мерасид, ки дар он ёде аз биҳишт ё ҷаҳаннам омада буд, гиря мекард ва аз Худованд биҳиштро дархост менамуд ва аз оташи ҷаҳаннам ба ӯ паноҳ мебурд.

3-Ҳазор хатми Қуръон дар як пироҳан

Имом Ризо алайҳиссалом ба Даъбали Хазоӣ пироҳани пашмини сабзранге ба ҳамроҳи ангуштаре, ки нигинаш ақиқ буд, ҳадия кард, ҳамчунин ба ӯ дарҳамҳое, ки номи он ҳазрат бар он нақш баста буд, марҳамат намуд ва ба ӯ фармуд: Эй Даъбал, ба Қум бирав, ки дар онҷо суд ва баҳра хоҳӣ ёфт ва ба ӯ ёдовар шуд, аз ин пироҳан ба хубӣ муҳофизат кун, ки ман дар ин пироҳан ҳазор шаб ҳазор ракъат намоз хондаам ва ҳазор мартаба Қуръонро дар он хатм кардаам.

4-Қироати сураҳои гуногун дар намоз

Имом Ризо алайҳиссалом дар аввали зуҳр шаш ракъат намози мустаҳаб мехонд, ки пас аз сураи Ҳамд сураҳои ё ал-Кофирун ва Қулҳуваллоҳу аҳад-ро мехонд ва дар ду ракъате, ки пас аз намози Ҷаъфари Тайёр мехонд аз сураҳои Мулк ва Ҳал ато истифода мекард ва ҳамчунин дар ракъати витр сураҳои Фалақ ва Носро тиловат мекард ва дар намозҳои воҷиби худ пас аз сураи Ҳамд аз сураҳои Қадр ва ҳамчунин дар зуҳри ҷумъа сураи Ҷумъа ва сураи Мунофиқин ва дар намози ишо дар шаби ҷумъа сураи Саббаҳа... ва дар намози субҳи рӯзи душанбе ва панҷшанбе дар ракъати дувум пас аз Ҳамд сураи Ғошияро тиловат мефармуданд.

5- Такягоҳи каломи Имом Ризо алайҳиссалом

Имом Ризо алайҳиссалом дар тамоми заминаҳо ва масоили динӣ ва илмӣ ва ақидатӣ ва фиқҳӣ аз ин китоби осмонӣ ва ин манбаи пурфайзи илоҳӣ комилан баҳра мебурданд ва дар ҳар сухан ба Каломуллоҳи Маҷид такя мекарданд.

Шайх Садуқ мегуфт: Надидам чизеро аз Имом Ризо алайҳиссалом бипурсанд, ки ҷавобашро надонад, балки  ҷавоби ҳама чизро медонист ва низ донотар аз ӯ ба замони хешро ҳаргиз мушоҳида накардам.

Маъмун пайваста бо пурсишҳои гуногуни худ имомро меозмуд, аммо эшон ба ҳамаи пурсишҳои вай ҷавоб медод. Тамоми гуфтаҳои Имом Ризо алайҳиссалом ва посухҳои вай баргирифта аз Қуръони Карим буд.

Имом Ризо алайҳиссалом дар абъоди гуногун аз ҷумла буъди иҷтимоӣ ба раҳнамудҳои Қуръон иноят доштаанд. Он ҳазрат аз миллати исломӣ хоста то аҳамияти бештаре ба Қуръони Карим дода ва мавориди зерро дар зиндагии худ эъмол мекунанд.

Эҳтимом ба Қуръон

Имом Ризо алайҳиссалом бо суфориш ба ёрони худ аз ҷумла Раён, ба вай фармуд: Қуръон сухани Худост, аз марзи ӯ таҷовуз накунед ва ҳидоятро ҷуз дар партави Қуръон наҷӯед дар ғайри ин сурат гумроҳ хоҳед шуд.

Тиловати  китоби Худо

Шайх Садуқ ба санади худ аз ҳазрати Имом Ризо алайҳиссалом аз падарони худ аз Расули Худо (с) нақл кард, ки Паёмбар )с) фармуд: Шаш чиз аз мурувват ва ҷавонмардӣ аст. Се кор дар ҳузур ва се навъи рафтор дар сафар. Аммо дар ватан аввал тиловати Каломуллоҳи Маҷид ва дувум обод кардани масоҷид ва сеюм иттиҳоди бародарон дар роҳи хидмат ба ҷомеа. Ва аммо он се амр, ки дар сафар аст, аввал зод ва тушаро бедареғ дар ихтиёри ҳамсафар гузоштан ва дувум ҳусни хулқ ва сеюм мазоҳ ва шухии бидуни омехтан бо ҳайбат.

6-Қироати Қуръон бо савт ва тартил

Имом Ризо (а) аз падаронаш аз Расули Худо (с) нақл мекунад: Қуръонро бо савти некӯ зинат диҳед зеро, ки садои некӯ бар зебоии Қуръон меафзояд.

7- Қироати Қуръон дар моҳи рамазон

Муҳаддиси Нурӣ аз китоби Фиқҳурризо дар боби рӯза оварда аст, ки Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: Ин моҳи шариф Қуръон зиёд бихон ва фаровон бар Расули Худо (с) салавот ва дуруд бифирист.

Ҳамчунин аз падарони худ аз Алӣ (а) аз Расули Худо (с) нақл мекунад, ки касе ки як оят аз Қуръон дар моҳи рамазон бихонад монанди як хатми Қуръон аст дар моҳҳои дигар.

8-Хатми Қуръон дар Маккаи Мукарама

Имом Ризо (а) мефармояд: Агар метавонед аз Макка хориҷ нашавед то Қуръонро дар онҷо хатм кунед, ин корро анҷом бидиҳед, зеро бисёр шоиста аст ва ин кор яке аз мустаҳабот мебошад.

9-Азкори Имом пас аз тиловати баъзе сураҳо

Имом Ризо (а) дар тамоми намозҳои худ дар шабонарӯз "Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим"-ро баланд мегуфтанд ва ҳар гоҳ ояи "Қулҳуваллоҳу аҳад"-ро тиловат мекарданд, пас аз он оҳиста мегуфтанд, "Аллоҳу аҳад" ва ҳар гоҳ сураи "Тавҳид"-ро ба поён мерасонд, се мартиба мефармуд: "Казоликаллоҳу раббуно".

Эшон ҳар гоҳ сураи "Тин"-ро тиловат мекарданд, дар поён мефармуданд: "Бало ва ано ало золика минашшоҳидин". Ва ҳар гоҳ сураи "Ло уқсиму..."-ро тиловат мекарданд, дар поён мефармуданд: "Субҳонакаллоҳума бало".

Раҳнамудҳои ахлоқӣ

Имом Ризо (а) бо илҳом аз Китоби Худо дарсҳои ахлоқии худро барои ҷомеаи исломӣ баён мефармуд.

Имом Ризо (а) бо баёни оёти марбута ба дигарон гӯшзад мекард, ки ҳаргиз интисоб ба Паёмбар ё Имом бидуни таваҷҷуҳ ба амал ва пайравӣ аз Худо, боиси наҷоти инсон нахоҳад буд, фиреби баъзе гуфторҳоро нахурда ва роҳи салоҳро дар пеш гиред.

Гуфтугӯ бо Зайд ибни Мӯсо

Садуқ дар "Уюн" ба санади худ аз Ёсир Ходим нақл кардааст: Дар замоне, ки Имом Ризо (а) дар Хуросон буд, бародараш Зайд ибни Мӯсо дар Мадина шӯриш кард ва даст ба оташсӯзӣ ва вайронӣ ва куштор зад. Ба ин ҷиҳат ӯро Зайдуннор мегуфтанд. Маъмуни Аббосӣ дастур ҷалби ӯро содир карда. Ба ин ҷиҳати Зайдро асир карданд ва ба сӯи Маъмун бурданд. Маъмун гуфт: Зайдро ба назди Имом Ризо (а) бибаранд.

Ёсир гӯяд: Вақте Зайдро ба назди Имом ворид карданд, ҳазрат ба ӯ фармуд: Эй Зайд! Гуфтори фурмоягони аҳли Куфа туро фиреб дода, "Чун Фотима домони худро пок нигаҳ дошт, пас Худованд оташро бар зуррияаш ҳаром кард". На чунин нест, ин гуфтор фақат дар бораи Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн (а) аст. Пас агар дар худ мебинӣ, ки гуноҳе кунӣ ва ба биҳишт ворид шавӣ ва (падарат) Мӯсо ибни Ҷаъфар Худоро итоат кунад ва дохили биҳишт шавад, пас ту назди Худованд азиз ҳастӣ. Бидон ки ҳеч кас ба он чӣ ки назди Худованд аст, намерасад, магар ба итоат ва пайравӣ аз зоти Ҳақ ва агар чунин гумоне кардаӣ, ки бо гуноҳ ва маъсият метавон ба онҳо бирасӣ, зиҳӣ хаёли ботил ва сахт дар иштибоҳ ҳастӣ.

Зайд гуфт: Ман бародари ту ва фарзанди падарат ҳастам.

Имом Ризо алайҳиссалом фармуд: То замоне бародари ман мебошӣ, ки аз Худованд итоат ва фармон бибарӣ. Бидон, ки Нӯҳ паёмбар (а) фармуд: Парвардигоро! Писарам аз хонадони ман аст ва ваъдаи ту (дар мавриди наҷоти хонадонам) ҳақ аст ва ту аз ҳама ҳукмкунандагон бартарӣ. Худованд фармуд: Эй Нӯҳ! Ӯ аз аҳли ту нест, аҳли ту касе аст, ки амали хайри солеҳе анҷом диҳад.

Манбаъ: http://zendegirazavi.aqr.ir/

 

Барчасп