Достони "Зомини оҳӯ" - ҳақиқат ё афсона
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i16022-Достони_Зомини_оҳӯ_ҳақиқат_ё_афсона
"Зомини оҳӯ", яке аз алқобе аст, ки дар миёни тӯдаи мардум ба ҳазрати Имом Алӣ ибни Мусо ар-Ризо салавотуллоҳи алайҳи нисбат дода шуда аст ва ҳатто баъе аз муҳаққиқон ин лақабро баргирифта аз достонҳои гуногуне медонанд, ки дар китобҳои таърихӣ нақл шуда аст, ки машҳуртарини он ба ин сурат мебошад:
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Апрел 20, 2017 07:01 Asia/Dushanbe
  • Достони

"Зомини оҳӯ", яке аз алқобе аст, ки дар миёни тӯдаи мардум ба ҳазрати Имом Алӣ ибни Мусо ар-Ризо салавотуллоҳи алайҳи нисбат дода шуда аст ва ҳатто баъе аз муҳаққиқон ин лақабро баргирифта аз достонҳои гуногуне медонанд, ки дар китобҳои таърихӣ нақл шуда аст, ки машҳуртарини он ба ин сурат мебошад:

Рӯзе сайёде дар биёбони Тус оҳӯеро дунбол мекунад. Иттифоқан Имом Ризо алайҳиссалом дар он навоҳӣ ташриффармо буданд ва оҳӯ ба Имом паноҳ мебарад. Имом ҳозир мешавад маблағеро ба он шикорчӣ пардозад то ӯ оҳӯро озод созад, вале сайёд намепазирад. Дар ин ҳангом оҳӯ ба забон меояд ва ба Имом арз мекунад, ки ман ду бачаи ширхора дорам, ки гуруснаанд ва чашм бароҳанд ва ҳоло шумо замонати маро назди ин золим бифармоед, ки биравам ва бачагонамро шир бидиҳам ва баргардам ва худро таслими сайёд кунам. Имом ҳам замонати оҳӯро мекунад ва оҳӯ меравад ва ба суръат бармегардад, шикорчӣ, ки ин вафо ба аҳди оҳӯро мебинад ва вақте мефаҳмад, ки зомини оҳӯ, Имом алайҳиссалом мебошанд, ҳолаш дигаргун мешавад ва оҳӯро озод мекунад.

Аммо ончӣ ки дар манобе ровиёни муътабар дар ин замина мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта аст, достонҳои мутафовит ва дар айни ҳол маъқул ва муваҷҷаҳ мебошад, ки Аллома Маҷлисӣ онро аз баракоти қабри он Имоми ҳумом дониста ва аз он ба унвони "Баракоти разавия" ёд кардааст. Эшон ин достонро аз китоби шарифи «Уюну ахбору-р-Ризо» таълифи олим ва муҳадиси бузург Абуҷаъфар, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобуяи Қумӣ, мулаққаб ба Шайх Судуқ, ризвонуллоҳи таъоло алайҳи нақл фармуда аст, ба ин тартиб ки:

Абумансур Муҳаммад ибни Абдурразоқи Тусӣ, ки ҳокими Тус буда, ривояте кард:  Дар рӯзгори ҷавонӣ назари хуше ба тарафдорони ин Машҳад надоштам ва дар роҳ мутаъризи зоирон мешудам ва либосҳо ва харҷиҳо ва номаҳо ва ҳаволаҳояшонро ба ситеза меситондам. Рӯзе ба шикор берун рафтам ва юзеро ба дунболи оҳӯ равона кардам. Юз ҳам чунон дунболи оҳӯ медавид то ба ночор оҳӯ ба пойи деворе паноҳ бурд ва рӯ ба рӯи юз истод, вале юз ба ӯ наздик намешуд, ҳарчӣ кушиш кардем, ки юз ба оҳӯ наздик шавад,  юз намеҷаст ва аз ҷои худ такон намехӯрд. Вале ҳар вақт, ки оҳӯ аз ҷои худ дур мешуд, юз ҳам ӯро дунбол мекард, аммо ҳамин, ки ба девор паноҳ мебурд, юз бозмегашт то он ки оҳӯ ба сӯрохи лонамонанде дар девори он мазор дохил шуд. Ман вориди работ (таъбири ҷолибе аз мазори Имом Ризо алайҳиссалом дар он аср) шудам ва аз Абунасри Муқрӣ, ходими мазор пурсидам, оҳӯе ки ҳоло ворид работ шуд, куҷост? Ӯ гуфт: Надидамаш. Он вақт ба ҳамон ҷое, ки оҳӯ дохилаш шуда буд, даромадам ва пишгилҳоии оҳӯ ва радди пешобашро дидам, вале худи оҳӯро надидам. Пас бо Худои Таъоло паймон бастам, ки аз он пас зоиронро наёзорам ва ҷуз аз роҳи хубӣ ва хушӣ бо онон дарнаёям ва аз он пас ҳар гоҳ кори душворе ба ман рӯй меовард ва гирифторие пайдо мекардам ба ин Машҳад рӯй ва паноҳ меовардам. Ва ҳеч гоҳ аз Худои Таборак ва Таъоло дар он ҷо ҳоҷате нахостам, магар он ки Ҳақ Таъоло он ҳоҷатро баровард.

Албатта хонандагони фозил истеҳзор доранд, ки Шайх Судуқ ки китобро ҷиҳати эҳдо ба Соҳиб Исмоил ибни Ибоди Толиқонӣ (мутавафӣ дар соли 385 ҳиҷрӣ) вазири Сомонӣ, ки худ яке аз бузургтарин адибону шоирон ва мутакаллимин ва ноқидини адаб дар қарн чаҳорум аст, таълиф фармуда ва ин китоби шариф илова бар, дарбар доштани ахбори марбут ба ҳазрати Ризо алайҳиссалом аз лиҳози адабӣ ва таърихӣ низ марҷаи муътабар ва мустанад ба шумор меравад.

Шайх Садуқ дар ин китоб ҳамчунон ки аз бисёре машоихи суқот ва муҳаддисин ризвонуллоҳи алайҳим, нақл ва ривоят мекунад, аз бисёре аз удабо ва шуаро ва муаррихини ба ном низ бо‌ восита ё бидуни восита низ нақл ва ривоят мефармояд.

Ба ҳар сурат, зоҳиран асли достон ва ривоят, ки сабаби мулаққаб сохтани ҳазрати Имом Алӣ ибни Мӯсо ар-Ризо салавотуллоҳи алайҳи ба «Зомини оҳӯ» шуда аст, бояд ҳамин достон бошад, на дигар. Ва ба қароре, ки мулоҳиза фармудед, достони комилан воқеӣ ва муваҷҷаҳ ва маъмулӣ ба назар мерасад.

http://imamrezatv.ir