Апрел 26, 2017 12:29 Asia/Dushanbe

Асал яке аз шифобахш‌тарин маҳсулоти табиъат аст, ки аз он бо унвони тиллои табиъӣ ёд ме‌шавад.

Асал илова‌ бар ҷанбаи хурокӣ ва хосиятҳои ғизоӣ  ба‌ унвони  маҳбубтарин хурокӣ   чун  як  доруи  табиъӣ ва бе‌ҳамто  дар дармони  бисёре аз бемориҳо  аз сӯйи мутахассисон ва дармон‌гарони тибби халқӣ   ва шеваи  табиъии  дармонӣ  истифода ме‌шавад.

Барои таъмини  энергия(неру ва қувва )

Асал   як  неруафзои   табиъӣ аст, ки истеъмоли   миқдори  андаке аз он  неруи   зиёдеро дар бадан тавлид мекунад. Аз ин руст ки истеъмоли ду қошуқи  ғизохурӣ  асал, ҳангоми  заъфи умумии  бадан  метавонад дар муддати  кутоҳ  муҷиби  тақвияти  қувваи шахс  шавад. Асал  аз  ҷумлаи  андак   маводи  ғизоии  табиъӣ аст, ки хеле  зуд ба хун омехта шуда, ба фаъолияти    беҳтари  аъзои бадан   ба‌ вежа мағз  кумак мекунад.

Барои тақвияти асаб

Вуҷуди  витамини  D ва фосфор дар асал  таъсири  бисёр зиёде дар беҳбуди  амал‌карди  асаб ва тақвияти он дорад. Ҳамчунин истеъмоли пайвастаи   он дар ғизоҳои   субҳона  метавонад   беҳтарин равиш барои пешгирӣ аз гирифторӣ  ба бемории  қисмати асаб  бошад.

Барои ҷазби  беҳтари  витаминҳо

Нарм  кардани  канораҳои  рагҳои  хунӣ  дар бадан аз ҷумла вежагии мунҳасир ба ‌фард(беназири)и асал аст. Нарм нигаҳ доштани  канораҳои  раг муҷиб  ме‌шавад ҷазби  ҳуҷайраҳо  беҳтар анҷом шавад ва маводи муфиди  ғизоӣ , роҳаттар ба ҳуҷайраҳо  бадан бирасад. Бинобарин  масрафи он дар  кудакон ва навҷавонон  ба беҳбуди раванди  рушди  онҳо кумак мекунад.

Барои рабудани буи бади  даҳон

Муми  занбури  асал  монанди асал  хосиятҳои  дармонии  фаровоне   дорад, ки яке аз корбурди   онҳо, бартараф кардани бӯйи  бади  даҳон аст. Барои  ин манзур  лозим аст миқдори каме аз муми занбури  асалро монанди сақич бихурем то бӯйи бади даҳан аз байн биравад.

Барои дармони  захм‌и меъда‌

Асал  ба ‌далели  латофате, ки дорад барои фаъолияти беҳтари   меъда ва системаи  ҳозима   муносиб аст. Ҳатто ҳассостарин меъда низ қодир ба ҳазм ва ҷазби маводи ғизоии асалҳои табиъӣ ҳастанд. Аз тарафи дигар   калорияи  асалҳои табиъӣ, ки тавассути занбури асал таҳия ме‌шавад бисёр андак аст. Бинобар ин  истеъмоли   ин маҳсулот  барои ашхоси  дучори   фарбеҳӣ  хатаре надорад.

Барои дарамони шабидрорӣ

Бисёре  аз дармонгарони  мактабҳои  дармони  табиъӣ  дар саросари  ҷаҳон  масрафи асали табиъиро муҷиби дармони  шабидрорӣ ё пешоб кардан ба ҳангоми хоби шабона  дар кудакон ва хурдсолон медонанд. Барои дармони шаб‌идрорӣ  дар бачаҳо лозим аст миқдори 30 гарм асалро дар се навбат ва ба муддат 10 рӯз, ба кудак бидиҳанд. Масрафи  ин доруи  табиъӣ таъсири  бисёр чашмгире дар коҳиши  мизони шабидрорӣ  ва бартараф шудани он дорад.

Барои дармони аллергияи  фаслӣ

Асал  яке аз беҳтарин доруҳои  табиъӣ барои дармони аллергия ва ҳассосияти ‌ фаслӣ дар ашхос  аст, аммо бояд тавачҷуҳ дошта бошед, ки ашхос  бояд асали  тавлидшуда тавассути гиёҳҳони  ҳамон минтақаро   истеъмол  кунанд, то ба ин тартиб аз мизони ҳассосият ва аллергияи  онҳо  оҳиста-оҳиста  коста шавад.

Як таркиби  муъҷиза‌гар

Ба гуфтаи дармон‌гарони  равиши табиъӣ  таркиби  асали  табиъӣ бо гиёҳи  дорчин(корица)  барои дармони  беш аз 95 навъи беморӣ  дар ҷаҳон  аз ҷумла бемории  қалбӣ,  захми сатҳии  сухтагӣ, бемории масона(пешобдон), бемории  буғумӣ   ва устухонӣ  ва резиши  мӯ истифода ме‌шавад.

Чигуна асали табиъиро аз тақаллубӣ  ташхис   бидиҳем?

Барои ташхиси асали табиъӣ аз  навъҳои тақаллубии он  равишҳои хонагии  мухталифе вуҷуд дорад, ки тавачҷуҳ ба онҳо метавонад то ҳадди зиёде ба ташхиси  асали табиъӣ аз тақаллубӣ кумак кунад.

Яке аз муҳим‌тарин  вежагии  асали  табиъӣ он аст, ки дар зарфе ки ҳаст  қисм-қисм  наме‌шавад ва вақте як қошуқ аз онро руйи як бурида  нон  бимолем  пас аз панҷ дақиқа  асал ба дохили  нон  нуфуз накарда  ва нонро нарму тар намекунад.

Ҳам‌чунин  асали  табиъӣ бояд бофти нарм ва ба ҳам пайваст  дошта бошад;  ба ин маънӣ, ки вақте онро бо қошуқ  аз зарф  берун   меорем  ба ‌нармӣ, аммо бе аз ҳам ҷудо шудан   ба самти  поён сарозер мешавад, дар ҳоле ки асалҳои  тақаллубӣ   бофти  хушке   доранд ва бархилофи  ин‌ки ба назар  мунсаҷим ва фишурда меоянд  вақте онҳоро аз зарф  берун   меорем сабук ба самти поин мерезанд ва кашол намешаванд. Роҳи дигар он аст, ки чанд қатра аз асалро рӯйи коғаз бирезед  дар сурате ки атрофи он қатра  пайи   паҳн  шудани  он моеъ дида шавад ,нишондиҳандаи  нохолисии  асал аст.

 

Манбаъ : Саломат Ниюс

 

Барчасп