Хосиятҳои гиёҳи овешан
Овешан (дар инглисӣ Thymus vulgaris) яке аз шинохташудатарин гиёҳони доруӣ аз тираи наъност.
Овешан дарахтчае кӯтоҳ ва пуршоха аст, ки баргҳои нозук ва баргашта дорад. Дорои гулҳои сафеди тоқа ва чатршакл аст.
Дар ривояти исломӣ аз он ёд шудааст. Розӣ ақида дорад, ки овешан боди шикам ва баданро тоза мекунад ва боиси ҳарорати бадан ва ҳазми хӯрок мешавад.
Гунаҳои мухталифе аз он дар кӯҳистонҳи Эрон бо номи овешани шерозӣ (Zataria multiflora) мерӯянд.
Овешан дар тибби суннатии ( мардумӣ) Эрон ва Урупо, чун дору истифода мешавад. Ин гиёҳи алафӣ ва хушбӯ, дорои хосиятҳои доруии бисёр аст ва аз он дар саноати хӯрока (питса, паста, моҳӣ, панир, ликёр ва ҷуворимаккаи мексикӣ) , доруӢ, беҳдоштӣ ва ороишӣ истифодаи зиёд мешавад. Қисматҳои доруии ин гиёҳ, саршохаҳои он ва барги хушкшудаи он аст.
Дар асрҳои миёна дар Фаронса, Италия ва Испания аз овешан барои дармони сурфа, ҳазми хӯрок ва аз байн бурдани микробҳои рӯда истифодаи васеъ мекарданд. Овешан хосияти антибактериявӣ ва зидди захмҳои пӯстӣ низ дорад. Дар баъзе кишварҳо мисли Амрико дамкардаи овешан ( ҳамчун чой) барои ором кардани дарди шуш ва сурфа дар вақти сармохӯрдагӣ ҳанӯз ҳам истифода мешавад.