Май 21, 2017 11:29 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои ҷолиби имом Ризо (а) дар бораи доштани хуни солим

Яке аз бемориҳо, ки рафта-рафта фарогирии он дар ҷомеаи модерни кунунӣ бештар дида мешавад, бемории фишори хун аст.

Имрӯза пурфишорӣ ё камфишории хун зеҳни бисёре аз мардумро ба худ машғул карда аст. Масрафи саҳеҳи маводи ғизоии мавриди ниёзи бадан, мутобиқ бо тавсияҳои имомон (алайҳимассалом) метавонад доштани бадане мутаодил ва солимро ба мо ҳадя кунад. Имом Ризо (а) барои бархӯрдорӣ аз як хуни солим ва муфид барои бадан тавсияҳои ҷолибе доранд. Яке аз роҳҳо, ки зимни ҷилавгирӣ аз ғализ шудани хун ба тасфияи ҷараёни хун ва беҳбуди кори ҷигар кӯмак мекунад, масрафи тура аст.

Яҳё бин Сулаймон мегӯяд: "Имом Ризоро дар боғе дидам, дар ҳоле, ки тура мехӯрад. Ба эшон гуфтам, фидоят шавам, мардум бар ин боваранд, ки ҳар рӯз аз биҳишт бар касоне як қатра фурӯ мерезад, тара, дар оби биҳишт, яксара ғӯтавар аст. Гуфтам, ба он куди шимиёӣ медиҳанд? Фармӯд: чизе аз ин куд ба он намечаспад".

Дар ҳамин замина имом РИзо (а) ба пайравони худ тавсия мефармуд: "То метавонед коҳу бихуред, зеро вай риққати хунро аз байн мебарад ва беҳтар аз соири сабзиҷотҳо, хунро тасфия менамояд ва барои шахсони асабонӣ ва касоне, ки мубтало ба бехобӣ ҳастанд, муфид аст.

Яке аз роҳҳои доштани хуни солим кӯмак ба тавлиди хуни хуб ва тоза дар бадан аст. Боқулӣ (боқулиҷон) ин корро дар бадани мо анҷом медиҳад.

Аз имом РИзо ва соири аимма нақл шуда аст, ки хӯрдани боқулӣ мояи тақвияти мағзи устухонҳои соқи по мешавад. Тавони мағзро афзун месозад ва хуни тоза тавлид мекунад. Дар баёни дигар имом Ризо (а) мефармоянд: "Боқулиро бо пӯсташ бихуред, чун меъдаро покиза мекунад".

Яке дигар аз хӯрокиҳои мавриди тавсия барои доштани хуни солим олу аст. Олуи тоза ҳароратро хомӯш ва суфраро таскин медиҳад ва олуи хушк хунро сокин мекунад ва дарди муҳликро осон ва аз байн мебарад.

Яке дигар аз меваҳое, ки барои хунсозӣ ва тасфияи хун муфид аст, меваи анор аст.

Имом Ризо (а) дар мавриди хосияти хунсозии анор мефармоянд: "Оби анорро бинушед, ки инсонро нерӯманд ва хунро зинда месозад ва ҳамин хосиятро барои синҷид зикр фармудаанд. Санҷид зидди исҳол ва хунрезӣ аст. Барои сина муфид ва заҳролудшавии меъда ва рӯдаҳоро пешгирӣ ва сардардро таскин медиҳад.

 

Барчасп