Аз хурдани чи ғизоҳое бояд парҳез кард
Бахше аз раҳнамудҳои ҳаётбахши имом Ризо (а) дар мавриди тағзияи саҳеҳро парҳезҳои он ҳазрат бояд донист.
Имом Ризо (а) муътақиданд, ки "саломатӣ ва пойдории бадан ва ҳамчунин бемории он ба ғизо ва нушиданӣ аст".
Пеш аз ҳар чиз бояд гуфт, ки ифрот ва тафрит дар расондани ғизо ба бадан ҳар ду зарар ва муфсида дорад.
Имом Ризо (а) бо ташбеҳи бадан ба замин мефармоянд: Бадани инсон, басони замини пок ва омода барои зироат аст, ки агар дар ободонӣ ва обдиҳӣ бадон муроқибат шавад, багунае, ки об на фаровонтар аз ниёз бадон бирасад, то онро ғарқобу ботлоқ кунад ва на аз андоза камтар бошад, то онро ба ташнагӣ гирифтор созад, ободонияш истимрор меёбад, аммо агар аз он ғафлат шавад, ба табоҳӣ мегарояд ва алафи ҳарз дар он мерӯяд. Бадан чунин ҳикояте дорад ва тадбири он дар хӯрок ва пӯшок чунин аст.
Аз ин рӯ, бахши зиёде аз сабки зиндагии беҳдоштиро набоядҳои тағзия бояд донист.
Имом Ризо алайҳиссалом мефармоянд: Бояд аз ин бипарҳезӣ, ки тухми мурғ ва моҳиро ҳамзамон дар меъда гирдоварӣ чи, ҳаргоҳ ин ду бо якдигар гирд оянд, қуланҷ, боди буасир ва дандондард ба вуҷуд меоваранд.
Имом Ризо (а) ҳамчунин мефармоянд, касоне, ки мехоҳанд, аз ибтило ба марази зардпарвин дар амон бимонанд, дар фасли тобистон ба утоқҳои дарбаста ва дамкарда ва бидуни таҳвия ворид нашаванд ва ҳамчунин дар фасли зимистон якбора аз утоқи гарм ба ҳавои сард нараванд, балки сабр кунанд, то баданашон бо ҳаво маънус шавад.
Дар дастурулъамалҳои пизишкии имом Ризои алайҳиссалом ҳамчунин омада аст, ки дар ҳоли гушнагӣ тарбуз хурдан, эҷоди бемории сустии андом мекунад ва хурдани харбуза дар ҳолати гушнагӣ боиси фалаҷ ва қуланҷ шудан мешавад.
Имом Ризо (а) ҳамчунин мефармоянд: "Тавсия мекунам, ки аз зиёдаравӣ дар хурдани пиёз худдорӣ кунед, зеро пиёзи зиёд ранги нишот ва шодиро аз чеҳра мебарад ва сояе ғамангез ба симо фурӯ меандозад.
Дар дастурулъамали дигаре мефармоянд: Хурдани ҷигар ва ҷиҳозоти дарунии гӯсфанд (шикамба, ширдон) дуруст нест, чун ин навъи хурокҳо барои масона зиёнбахш аст.
Имом Ризо (а) дар фарозе дигар аз дастуроти беҳдоштии худ мефармоянд: "Ёдовар мешавам, ки бо шиками сер ҳаммом нагиред, чун сабаби тавлиди қуланҷ мешавад ва истиҳмом бо оби сард пас аз хурдани гӯшти моҳӣ ҷоиз нест, чун ин кор бо хатари фалаҷ шудан тавъам мебошад".
Имом Ризо (а) ҳамчунин хурдани болангро дар шаб наҳй карда ва мефармоянд: ҳангоми шаб боланг нахуред, зеро боланг хурдан дар шаб рӯи чашмҳо асари номатлуб мегузорад ва мардумакро ба оризаи дурбинӣ таҳдид мекунад ва муътақиданд: Аз ифрот дар хурдани тухми мурғ бипарҳизед, зеро ин ифрот ҷигарро аз амали муназзам боз медорад ва дар сар ва меъда бодҳои зиёнбахше бавуҷуд меоварад. Шикамро аз тухми мурғи пухта пур накунед, то ба тангии нафас ва оризаи нафхи шикам дучор нашавед.
Имом Ризо (а) мефармоянд: Хурдани гӯште, ки дуруст напухта дар меъда кирм бавуҷуд меоварад ва низ мефармояд: Ононки пас аз хурдани ширинӣ ё ғизои гарм оби сард менушанд, дандонҳои худро аз даст хоҳанд дод ва касоне, ки дар масрафи гӯшти гов ва шикор зиёдаравӣ мекунанд, ба ихтилоли ҳавос ва бӯҳтзадагӣ дучор шуда ва ин ашхос ба марази фаромушӣ ва кунадзеҳнӣ мубтало мешаванд.
Имом Ризо (а) барои ҷазби маводи ғизоӣ ба бадан ва баҳраи ҳадди аксарии бадан аз ғизоҳо, нушидани об дар байни ғизоро наҳй карда ва мефармоянд: Ҳаркас бихоҳад, ки меъдааш нороҳат нашавад, дар байни ғизо об наёшомад то вақте, ки хурдани ғизо поён пазирад. Ҳаркас дар ҳангоми хурдани таъом об бихурад, баданаш мартуб ва меъдааш заъиф гардад ва рагҳо ҷавҳар ва қуввати ғизоро намегиранд.