Июн 20, 2017 10:54 Asia/Dushanbe
  • Хосияти оби ошомиданӣ

Об мояи аслии зиндагӣ аст. Инсон бештар аз як моҳ ҳам метавонад бидуни ғизо зинда бимонад, аммо агар беш аз як ҳафта об ба баданаш нарасад, хоҳад мурд.

Ҳатто гиёҳҳо ва ҷонвароне, ки дар хушкиҳо зиндагӣ мекунанд, ба миқдори муайяни об ниёз доранд. Бештари донишмандон ба ақидае ҳастанд, ки зиндагӣ дар об оғоз шудааст ва нахустин мавҷудоти зинда обзӣ будаанд. Дар Қуръони карим низ омадааст, ҳама чиз бар маҳзи об зинда аст.

Худованд дар оёти мутааддиде инсонро таъкид ба тафаккур дар робита ба об ва шукргузорӣ аз ин неъмати бузург менамояд. Об ба унвони баракат худовандӣ аст, ки ҳаёт мебахшад, ҳаётро ҳифз мекунад ва башару заминро покиза мегардонад. Арши Худо бар рӯйи об ва биҳишт ба сурати боғҳо, ки наҳрҳо зери онҳо ҷорст, ташреҳ мешавад. Ба назар мерасад, дар Қуръон об боарзиштарин офаридаи Худованд баъд аз инсон мебошад.

Маъсумин (а) обро беҳтарин нӯшиданӣ дар дунёву охират ва аввалин офарида, аввалин чизе ки дар қиёмат аз он савол мешавад, муаррифӣ кардаанд. Расули акрам (с) мефармоянд: "Беҳтарин нӯшиданӣ дар дунё ва охират об аст». Имом Ризо (а) низ дар мавриди аҳамияти об мефармоянд: "Маззаи об маззаи зиндагӣ аст".

Об яке аз нӯшиданиҳое аст, ки инсон дар тӯли рӯз чанд мавриди ниёз ба истифода аз он дорад, пас, бояд ба обе, ки менӯшем, хуб диққат кунем ва аз саломати он итминон ҳосил намоем. Бар асоси таҳқиқи анҷомёфта, маводи аслии ташкилдиҳандаи курраи замин ва бадани инсон об, равғану намак мебошад, ки муҳимтарин онҳо об аст ва Худованд панҷоҳ бор дар Қуръон аз он ба ашколи мухталиф ёд  кардааст.

Об муҳаббате аст, ки Ҳақ таъоло онро мустақиман ба сурати борону барф ба мо арзонӣ дошта, бар сари мо мерезад, вале намаку равғанро мо бояд дар табиат дунболагирӣ ва таҳия намоем,  ки ин амр нишон аз аҳамияти об дорад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оби солим ва хуб чӣ обе аст?

Дар ҷавоб бояд гуфт, оби солим ҳамон обе аст, ки Худованд худаш дар марҳалаи аввал ба мо ҳадя додааст, яъне оби борону барф ва ҳар обе, ки хусусиёти ин обро бештар дошта бошад. Дар робита ба ин масъала дар сураи "Ҳаҷ" босароҳат гуфта шудааст.

Имом Ризо (а) дар ин маврид мефармоянд: "Оби борон, ки мустақиман аз осмон гирифта шавад, баданро пок ва бемориҳоро бартараф мекунад».

Обе маврид таъйид аст, ки на олудаи микробе бошад ва на олуда ба моддаи кимиёие, бинобар ин пас аз оби борону барф метавон оби чашма, чоҳ ё рӯдхонаро истифода кард, ки орӣ аз олудагиҳои кимиёӣ бошанд ва зиндагии саноатӣ боиси олудагии комиёии он нашуда бошад ва барои аз байни бурдани олудагӣ ба микробе он оброҳоро ҳатман бояд ҷӯшонд. Имом Ризо (а) дар ин маврид мефармоянд: «Об аз ҳама ҷиҳат судманд аст ва ба ҳеҷ рӯ зиёнбахш нест».

Имом Ризо (а) ҳамчунин мефармоянд: "Ҳар касе мехоҳад, меъдааш ӯро озор надиҳад, аввал  бар рӯйи ғизо об нанӯшад ( байни  ва баъди то ғизо), то хӯрокро  ба поён набарад. Ҳар касе чунин кунад, баданаш ба рутубат мегарояд ва меъдааш заиф мешавад ва нерӯи ғизоро намегирад, зеро он ғизо дар меъда норас мешавад».

Имом Ризо (а) ҳамчунин мефармоянд: ошомидани оби сард пас аз хӯрдани чизи гарм ва пас аз хӯрдани ширинӣ дандонҳоро аз байн мебарад.

 

Барчасп