Хурдани анвоъи гуштҳо
(last modified Sun, 25 Jun 2017 04:39:07 GMT )
Июн 25, 2017 09:39 Asia/Dushanbe
  • Хурдани анвоъи гуштҳо

Ислом ҳам ба саломатии рӯҳ ва равони инсон таваҷҷуҳ намуда ва ҳам тандурустии ҷисми ӯро дарназар гирифтааст, лизо башарро ба беҳтарин ва поктарин хурданиҳо тавсия кардааст.

Ин дини осмонӣ, шаъни инсонро бартар аз он медонад, ки аз ҳайвоноти наҷосатхору дарандаху тағзия кунад ва усулан тағзия аз маводи олуда ва нопокро ҳаром донистааст ва ин мавзуъ дар фармоишоти гавҳарбори имом Ризо (а) бахубӣ машҳуд аст, ки ғизоҳои ҳаром, башарро аз ахлоқи ороста, маниши саҳеҳ ва инсоният дур месозад.

Дар аҳодис ва ривоёти манқул аз имом Ризо (а) дар кутуби мухталиф тавсияҳои ҷолибе дар мавриди тарзи таҳия ва масрафи гушт вуҷуд дорад, ки мутолиа ва амал кардан ба онҳо зомини саломатии мо хоҳад буд.

Дар ривояте имом Ризо (а) ба нақл аз падарони бузургвори хеш ба нақл аз расули Акрам (с) омадааст, ки гуштро беҳтарин ғизо дар дунё муаррифӣ мекунанд ва мефармоянд: "Беҳтарин ва болотарин хурокиҳо чи дар дунё ва чи дар охират гушт аст".

Саҳл Ибни Зиёд аз Муҳаммад Ибни Исмоил нақл мекунад: Яке аз мо, дар ҳузури Абулҳасан Али ибни Мусалризо (а) аз гушт сухан ба миён овард ва гуфт: Ҳеч гуште гуворотар аз гушти буз нест.

Имом Ризо (а) нигоҳе ба ӯ андохт ва фармуд: Агар Худованд, гуште гуворотар аз гушти меш офарида буд, ҳамонро ба ҷои қурбонӣ кардани Исмоил мефиристод.

Шабеҳ ба ҳамин ривоятро бо андаке тафовут чунин дорем, ки Саъд Ибни Саъд ба имом Ризо (а) арз мекунад: "хонаводаи ман гушти меш намехуранд ва мегӯянд: амроз ва дардҳоро таҳрик мекунад". Имом дар посух мефармояд: "агар Худованд, чизеро гиромитар ва беҳтар аз меш медонист, онро ба ҷоии Исмоил алайҳиссалом қурбонӣ мекард".

Дар ривоёт омадааст, ки шустани гушт ба танҳоӣ кофӣ нест, балки пухтани он низ лозим аст.

Дар суханони бузургони дин, аз хурдани гушти хом наҳй шудааст. Имом Ризо алайҳиссалом низ аз музарроти хурдани гушти хом суҳбат ба миён оварда ва мефармоянд: "Хурдани гушти хом, дар шикам, кирм падид меоварад". Имом Ризо (а) ёдовар шудаанд, ки хурдани гушти хом боиси эҷоди "кирм" дар бадан мешавад. Имрӯза низ пизишкон, эҷоди кирмҳои хатарнок дар рӯдаро яке аз паёмадҳои масрафи гушти хом донистаанд.

Имом Ризо (а) ба хидматкораш фармуд: "Барои мо гушти сару синаро харидорӣ кун ва аз қисматҳои пушт харидорӣ накун, зеро сару сина ба чарогоҳ наздиктар ва аз офот дуртаранд". Имом Ризо алайҳссалом дар бораи фавоид ва хавоси муфиди масрафи гушт дар уюни ахборалризо ба нақл аз имом Алӣ алайҳиссалом мефармоянд: "Назди паёмбар саллаллоҳуалайҳи ваолиҳи вассаллам аз гушт ва пия ёд шуд. Фармуданд: ҳеч порае аз ин ду дар меъда ҷой намегирад, магар инки дар ҷои он, шифо мерӯяд ва бемориҳо аз онҷо меравад".

Али ибни Сулаймон гуфт: Назди имом Ризо (а) машғули хурдани каллапоча будем, ки ҳазрат савиқ хост. Гуфтам: "Ман сер шудаам". Ҳазрат фармуд: миқдори каме аз савиқ, каллапочаро ҳазм мекунад ва давои он мебошад. Имом Ризо алайҳиссалом дар баёне дигар дар бораи мудовимат ба хурдани гурда ва шикамба мефармоянд: "одат доштан ба хурдани гурда ва шикамбаи гусфанд, масонаро дигаргун мекунад".

Яке аз аз хурокиҳои лазиз гушти моҳӣ аст, ки имрӯза ҳам масрафи зиёде пайдо карда.  Моҳӣ дорои арзиши тағзияии бисёр болое аст ва аксари маводи мағзии муфид ва зарурӣ барои инсонро батанҳоӣ дорост. Вале вижагии махсуси моҳӣ, ки онро байни соири маводи ғизоӣ ҳоизи аҳаммияти хос сохтааст, навъи чарбии мавҷуд дар он аст. Чарбии мавҷуд дар маводи ғизоии ҳайвонӣ ба таври умда ҳовии таркиботе ба номи асидҳои чарби ишбоъшуда ҳастанд, ки ин таркибот муҷиби боло бурдани холестирин ва соири чарбиҳои номатлуби хун мешаванд.

Бинобарин ифрот дар масрафи чарбиҳои ҳайвонӣ, саломати қалбу уруқро ба хатар андохта ва дар ниҳоят мунҷар ба сактаҳои қалбӣ ва мағзӣ мешавад. Вале моҳӣ ва обзиён бо вуҷуди онки аз дастаи маводи ғизоии ҳайвонӣ ҳастанд, бо ин ҳол навъи чарбии мавҷуд дар онҳо мушобеҳи маводи гиёҳӣ аст ва аз асидҳои чарби ишбоънашуда баноми Омега-3 дар обзиён вуҷуд дорад, ки асароти бисёр муҳимме дар саломати инсон ба уҳда дорад ва дар пешгирӣ аз бисёре аз бемориҳо ва контрол ва кӯмак ба беҳбуди ихтилолот ва аворизи мухталифи қалбӣ нақши муҳим ва созандае ба уҳда дорад.

Имом Ризо (а) дар мавриди масрафи ин модаи протеинӣ супоришҳои ҷолиб доранд. Он ҳазрат мефармоянд: "Ҳаркас аз дарди шақиқа ва шикамдард метарсад, набояд дар тобистон ва зимистон хурдани моҳии тозаро ба таъхир афканад". Имом Ризо алайҳиссалом дар дастурулъамали дигар дар мавриди моҳӣ мефармоянд: "ғусл кардан бо оби сард пас аз хурдани моҳӣ, сустандомӣ дар пай меоварад".

Аз онҷо, ки аҳлибайти паёмбар (с), ба розҳои ҳастӣ воқиф будаанд, дар суханони илмии худ, гоҳ аз баъзе ҳақоиқ парда бардоштаанд. Ҷурҷонӣ аз дӯстони имом Ризо (а) аз он ҳазрат пурсид: Мақсуд аз инки Худованд бисёр шунаванда ва биност, чист?  Имом Ризо фармуд: "барои ин аст, ки Худованд аз мавҷудот дақиқан бохабар аст. Оё осори қудрати ӯро дар гиёҳон ва ҳайвоноти рез монанди паша ва кучактар аз паша-он мавҷудоте, ки чашми мо ҳечгоҳ онҳоро намебинад- мушоҳида намекунед? Мавҷудоте, ки бадалели кучакияшон, нару мода ё бача ва бузурги онҳо, аз ҳам фарқ дода намешаванд. Ин мавҷудот дар амвоҷи дарёҳо ва дар миёни пусти дарахтон ва дар биёбонҳо ва даштҳо зиндагӣ мекунанд ва дар асари кучакӣ, на бо чашм дида мешаванд ва на бо даст ламс мегарданд". Нуктаи ҷолиб онки имом Ризо (а) қарнҳо қабл аз ихтирои микроскоп ва кашфи микроб, дар бораи мавҷудоти рези заррабинӣ ва микроб ва вирус, зоду валади ин мавҷудот ва вуҷуди онҳо дар нуқоти мухталиф иттилоъ додааст.