Июл 19, 2017 10:24 Asia/Dushanbe
  • Нигоҳе ба тавсияҳои Имом Ризо (ъ) дар муҳофизат аз кабед

Хӯрдани сабзиҷот ба кабед кӯмаки шоёне дар анҷоми вазифаи худ мекунад.

Вақте кабед ислоҳ шавад бадан худ тамоми бемориҳои шинохта ва ношинохтаро дармон мекунад.

Кабед ва таҳол ва вазоифи мушобеҳе дар бадан дар ҷиҳати тасфияи хун доранд ва дар ҳифзи системаи эминии бадан ба ҳамдигар кӯмак мекунанд.

Хӯрдани сабзиҷот ба вижа коснӣ, хӯрдани анор ва хоби кофӣ аз тавсияҳои имом Ризо (ъ) дар муҳофизат аз кабед аст.

Имом Ризо (ъ) дар рисолаи "Заҳабия" зимни ташреҳи аъзои бадан ва вазоиф ҳар як аз онҳо дар бораи ҳузн ва шодии бадан мефармояд: Азоби бадан ҳузну ғам ва савоби бадан шодӣ аст. Сипас ишора мекунанд, ки маркази ғам ва ҳузн дар бадан кабед ва маркази шодӣ ва фараҳи бадан кулияҳо ҳастанд.

Имом Ризо (ъ) фармӯданд: Гиёҳи коснӣ шифои ҳазор навъи дард ва маризӣ аст, коснӣ ҳар навъ маризеро дар даруни инсон решакан менамояд.

Хоби хуб ва истироҳати кофӣ метавонад ба кабед дар анҷоми кори он ёрӣ расонад.

Дар тавсияҳои тиббӣ ва беҳдоштии имом Ризо (ъ) омада аст: Дар ҳангоми хобидан энержии аслӣ ва ҳарорати ҳосил аз он дар умқи бадан тамаркуз меёбад ва ҳосили он гувориши хуб, ҳазми дақиқ ва беҳтар аст.

Дар ҳангоми хоб бештари аъзо дар ҳолати истироҳат аст ва ба энержӣ ва тамаркуз ниёзе надорад. Ба ҳамин далел бештарин таъсири энержии бадан дар дастгоҳи гувориш ва кабед аст, ки натиҷаи он тағйир ва табдили ғазои тановул шуда ба хуни солим ва муфид дар кабед аст.

Таҳол яке аз узвҳои бадан аст, ки дар қисмати чапи болои шикам қарор дорад ва ба унвони бахше аз системаи эминии бадан ба тавлид ва захирасозии  селулҳои хунӣ мепардозад ва дар воқеъ ҷузъе аз системаи гардиши хун маҳсуб мешвад.

Дар ҳадисе имом Ризо (ъ) ба нақл аз падарони бузургвораш ба нақл аз Паёмбар (с) мефармояд: Анор бихӯред, ҳар донае аз анор ки дар меъда қарор мегирад, мӯҷиби нӯронияти дил ва дӯрии шайтон барои чиҳил рӯз мешавад.

 

Барчасп