Июл 23, 2017 09:40 Asia/Dushanbe
  • Дармони дарди паҳлӯ ва шикам дар каломи Имом Ризо (а)

Вақте ҳисси шикамдард ба суроғи шумо меояд, сахт аст, ки бобати он фикр накарда, коратонро идома бидиҳед.

Фарқе намекунад, ки чӣ чизе боиси ба вуҷуд омадани ин дард шудааст, фақат мехоҳед ҳарчи сареътар аз шарри он халос шавед. Дар ин матлаб ба чанд роҳкор ишора мекунем.

Имом Ризо дар рисолаи "Заҳабия", ки дар баргирандаи тавсияҳои шифобахшу омӯзаҳои тандурустӣ аст, дар мавриди дарди паҳлӯ ва сина мефармоянд: касе, ки аз бурузи дарди шақиқа ва дарди паҳлӯю шикам бимнок аст, дар фасли тобистон пас аз хӯрдани моҳии тоза билофосила ба хобу истироҳат напардозад, зеро табъи моҳӣ сард аст, хоб ҳам сардкунандаи  бадан аст, ки мӯҷиби ташдиди сардии мағзу аъсоб, дарди сар ва шикам мешавад.

Муҳаммад бини Иброҳим Ҷаъфарӣ мефармояд: марде аз шикамдард, ки чизе намонда буд, боиси маргаш шавад, ба назди Имом Ризо нолид ва аз эшон хост, барои ӯ дар пешгоҳи Худованди азза ва ҷал дуо кунад, чаро ки дору ва дармонҳои фаровоне, ки ба вай додаанд, ӯро ба сутуҳ овардааст ва на фақат ӯро суде нарасонда, балки бар шиддати дарди ӯ низ афзудааст.

Имом Ризо (а) ба ӯ фармӯданд: дуои мо ба даргоҳи Худованд ҷойи худ дорад ва ман аз Худованд мехоҳам бо мадад ва нерӯи худ дарди туро бикоҳонад, аммо чун дард бар ту ғалаба кард ва аз он ба худ печидаӣ, чормарғзеро ба оташи бигир, то ҳангоме ки бидонӣ, он чӣ дар даруни он ҳаст, кабоб шуда, оташ ранги пӯсти онро низ дигаргун карда бошад, онро бихӯр, ки дар дам дардро ором мекунад.

Ӯ мегӯяд: ба Худованд савганд, танҳо як бор ин корро анҷом додам ва ба изни Худованд, шикамдардам рафъ шуд.

Барчасп