Хавоси дармонии бодиринг аз нигоҳи имом Ризо (а)
(last modified Mon, 07 Aug 2017 06:51:05 GMT )
Август 07, 2017 11:51 Asia/Dushanbe
  • Хавоси дармонии бодиринг аз нигоҳи имом Ризо (а)

Мутобиқи ривоёт бодиринг аз он даста меваҳои биҳиштӣ аст, ки паёмбари гиромии ислом (с) ҳам ба он алоқаи фаровон доштаанд ва хурдани онро бо каме намак тавсия мефармуданд.

Дар Қуръони карим ҳамчунин номи бодиринг омадааст, онҷо, ки мефармояд, "ва он замонро, ки гуфтед: эй Мусо, мо бар як навъ таом натавонем сохт, аз Парвардигорат бихоҳ, то барои мо аз ончи аз замин мерӯяд, чун сабзавот ва бодиринг ва сир ва наск ва пиёз бирӯёнед".

Имом Ризо алайҳиссалом барои муолиҷаи ҷавоне, ки ба марази зардпарвин мубтало шуда буд, тавсия фармуданд. Ҳамад Ибни Меҳронн Балхӣ мегӯяд: дар Хуросон рӯзе ҷавоне аз шиаён аз зардӣ, хидмати он ҳазрат шикоят кард.

Ҳазрат фармуданд: Бодирингро пуст бикун ва баъд пусташро бо об бипаз ва баъд аз пухтан ба муддати се рӯз миқдоре аз онро дар ҳоли ношто (гушнагӣ) бихур.

Ар ин замина имом Ризо алайҳиссалом мефармояд: Барои ҷилавгирӣ аз гармозадагӣ дар рӯзҳои тобистон, зимни парҳез аз офтоб, рӯзе як адад бодиринг фоидаи фаровоне дорад.

Ва ҳамчунин дар ҳадиси дигаре истифода аз сабзавотҳои хунук монанди коснӣ ва хурфа ва меваҳои сабз мисли бодиринг ва бодиринги чанбар (бодиринги чанбари гардан)-ро тавсия фармудаанд.

Бодиринг илова бар осори хубе, ки барои пуст дорад, барои тақвият ва рушди муй муфид буда ва ба ҳазми ғизо кумак мекунад ва низ дармони хубе барои шамолхурӣ дар тобистон аст.

Хавоси дармонии бодиринг:

Хурдан, буидан ва молидани бодиринг бар пешонӣ ҷиҳати рафъи сардард муфид аст. Қатра-қатра рехтани оби бодиринг дар бинӣ ва буидани он ҷиҳати рафъи гирифтагӣ, беҳавсалагӣ ва камхобӣ муфид аст. Ошомидани оби бодиринг ҷиҳати рафъи аксари табҳои шадид, таскини ҳарорати талха ва хун, илтиҳоби меъда, рафъи ташнагӣ, пок кардани ҷигар, зиёд шудани идрор, дафъи санги кулия ва масона ва беҳбуди зардпарвин судманд аст.

Ҷушондаи пусти бодиринг, дармони хубе барои зардпарвин аст.

Як ливон оби бодиринг бо миқдоре набот сир, масҳали хуб ва гуворое аст ва талха (сафро) ва савдоро аз меъда ба хубӣ хориҷ менамояд, ки барои ин кор оби бодиринги расида, ки каме туршмаза мебошад, беҳтар аст. Агар миқдоре гули мехакро дар оби бодиринг тар карда ва пас аз 24 соат онро соф карда ва бо асал нуши ҷон намоед, ранги рухсоратон боз мешавад, дар ҳақиқат ба кабиди шумо ҷило медиҳад ва рӯҳро шодоб менамояд.

Соири хавоси дармонии бодиринг шомили мавориди зер аст :

1) Ҳалкунандаи урат ва асид урик аст, бинобарин бемории нақрисро дармон мекунад.

2) Идроровар аст ва барои рафъи сузиши идрор муфид аст.

3) Хунро тасфия мекунад.

4) Бодиринг барои дармони мубталоён ба сузиш ва банд омадани идрор муфид аст.

5) Усораи баргҳои пачақшудаи бодиринг эҷоди таҳаввуъ мекунад, бинобарин дар масмумиятҳо ва ихтилолоти дастгоҳи гувориш масраф мешавад.

6) Бодиринг ташнагиро таскин медиҳад.

7) Бодиринг малин аст. Бодиринг кабидро ҷило медиҳад ва талхаро аз меъда ба хубӣ хориҷ мекунад.

8) Агар бодирингро ҳалқа-ҳалқа карда ва рӯи пусти сурат бигузоред, чину чурукҳои суратро аз байн мебарад ва суратро ҷавон мекунад.

9) Агар пусти шумо чарб аст, бодирингро бо оби холис бипазед ва бо ин об сурати худро шустушу диҳед.

10) Агар мубтало ба марази қанд ҳастед, то метавонед аз бодиринг ва тухми бодиринг истифода кунед.

11) Барои дармон экзема, таркидани пуст ва рафъи хориши он муфид аст.

Музарот:

Ашхосе, ки нороҳатии меъда доранд, набояд дар масрафи бодиринг зиёдаравӣ кунанд, зеро мумкин аст, боиси ихтилол дар дастгоҳи гувориш гардад.

Бодиринг нифох аст, чун сареан дар меъда фосид мешавад. Барои рафъи нафх ва дилдарди ношӣ аз хурдани бодиринг метавонед миқдоре арақи наъноъ (пудина) ё каме обҷуш ва набот бихуред.

Нукта: Ҳамеша бояд бодирингро қабл аз ғизо хурд, ки ба ҳазми ғизо кумак мекунад. Касоне, ки наметавонанд бодирингро хуб ҳазм кунанд, бояд онро бо намак бихуранд.