Август 30, 2017 08:42 Asia/Dushanbe
  • Хосиятҳои дармонии наск

Оё медонистед коршиносони тағзия наскро аз лиҳози хосият бо гӯшт баробар медонанд?

Коршиносони тағзия наскро аз лиҳози хосият бо гӯшт баробар медонанд ва онро тақвияткунандаи меъда ва ҳофиза дониста ва ҷӯшондаи онро зиддиуфуникунанда баршумурда ва муътақиданд, ки наски пухта бо сирка, тақвияткунандаи меъда буда ва оби он синаро нарм ва сурфаро аз байн мебарад.

Дар ганҷинаи аҳодиси пизишкии аимма (а) ҳам аз наск ба некӣ ёд шудааст.

Дар ривояте аз Расули Худо (с) ворид шуда, ки Паёмбар аз қасовати дилҳои қавми худ ба Худо шикоят намуд. Худо амр кард, наск бихӯранд, чун наск дилро нарм, ашки чашмро ҷорӣ ва такаббурро мебарад ва он ғизои некон аст.

Дар ҳамин росто имом Ризо (а) ҳам дар бораи хавоси дармонии наск фармуд: Агар баданат дар асари нураи ҳаммом сӯхт, наски пӯсткандаро орад кун ва бо гулоб ва сирка даромез ва ба маҳали захмшуда бигзор, ки ба изни Худованди мутаъол хуб хоҳад шуд.

Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки орди наск ташнагиро зоил мекунад ва меъдаро қувват медиҳад ва сафроро мебарад ва меъдаро пок мекунад ва ҳафтод дардро давост ва ҳаяҷони хун ва ҳароратро бартараф мекунад.

Имом Боқир (а) дар бораи ин навъи растанӣ, яъне наск, ки аз зумраи ҳубубот аст, чунин фармудаанд: Духтаре ки хуни ҳайзаш қатъ намешавад, ба ӯ орди наск бидиҳед, то ки ба суръат ҳайз қатъ шавад.

Имом Содиқ (а) ҳам фармуд: Барои дарди камар наск муфид аст.

Албатта бояд мутазаккир шуд, ки ин ривоёт ба масрафи мутаодили наск ишора доранд ва набояд дар масрафи он зиёдаравӣ кард. Чунки зиёдаравӣ дар масрафи ҳар маводи ғизоӣ зиёнҳое барои бадан хоҳади дошт, ки наск ҳам аз ин қоида мустасно нест.

Масрафи зиёди наск савдозо аст ва барои аъсоб зарарнок аст.

 

Барчасп