Хосиятҳои тааҷубангези сиёҳдона
Дар тиби исломӣ барои сиёҳдона вижагиҳои мухталиферо баршумурдаанд.
Сиёҳдона метавонад дар режими лоғарӣ, нороҳатиҳои пӯстӣ ва танаффусӣ, поксозии кабид (ҷигар) ва сафро ва низ раҳоӣ аз ҳассосиятҳои фаслӣ ва бисёре аз мавориди дигар муфид бошад.
Дар ҳадисе аз Паёмбар (с) омада аст: Шаби Меъроҷ ба иддае аз фариштагон бархурд кардам, ки мегуфтанд: Эй Муҳаммад (с), ҳиҷоматро ба умматат тавсия бифармо ва беҳтарин дармон барои шумо ҳиҷомат ва хӯрдани сиёҳдона аст.
Донишҳои имрӯзӣ ҳам сиёҳдонаро лоғаркунанда, рақиқ ва хориҷкунандаи ахлоти сина, тасфиякунандаи хун, дафъкунандаи ахлоти зиёновар, зиёдкунандаи идрор ва шир, хушккунандаи тарашшӯҳоти захмҳо, хунсокунандаи хуни касифшуда ба иллати сардӣ ва бухур ва спрейи онро дуркунандаи ҳашарот ва таскиндиҳандаи сурфа, зидди тангии нафас ва муфид барои истифроғи хунӣ ва хунрезии сина, зидди ярақон (зардпарвин) ва аташ ва норасоии кабид ва тиҳол (сипурз) медонад.
Имом Ризо алайҳассалом, дар бораи хавоси эъҷобангези сиёҳдона мефармояд: Гули наргис бибӯед, зеро аз зуком эминӣ мебахшад ва ҳамчунин аст сиёҳдона.
Дар сиёҳдона баракат аст. Дар чиҳил чиз Худованд баракат қарор дода, аз ҳубубот ва ҷимодот ҳам сиёҳдонаро баргузида аст.
Сиёҳдонаро боиси нобудии амрози музмин донистаанд.
Маъҷуни сиёҳдона ва асал
Он ҳазрат дар баёне дигар аз маъҷуни сиёҳдона ва асал ба некӣ ёд карда ва аз хосияти шифодиҳандагии он фармудаанд: Сиёҳдона шифои ҳар дарде аст, магар марг ва бар шумо бод ба хӯрдани асал ва сиёҳдона.
Як нукта:
Дар матнҳои тибби суннатӣ барои сиёҳдона хавоси муқавӣ ва мунҳасир ба фарде зикр шудааст. Бисёре аз ҳакимон ва табибони тибби суннатии Эрон, Ҳинд ва Чин аз сиёҳдона, равған ва усораи он ба сурати мавзеӣ ва хӯрокӣ барои дармони бисёре аз бемориҳо ва ихтилолҳои ҷисмӣ истифода мекунанд. Ба эътиқоди ин гурӯҳ аз дармонгарон масрафи сиёҳдона метавонад дар дармони бисёре аз бемориҳо аз қабили бемориҳои дастгоҳи кулия, дастгоҳи гувориш, таварруми меъда, захми меъда ва пешгирӣ аз ибтило ба анвоъи бемориҳои музмин ва саратон муассир бошад. Масрафи мавзеӣ ва хӯрокии сиёҳдона илова бар ҷанбаи дармонӣ дар ҳавзаи беҳдошт ва зебоӣ низ коркарди гуногуне дорад, ки муҳимтарини он дармони обилаҳои бо зардоб ва ношӣ аз чарбии пӯст аст.