Сентябр 10, 2017 11:46 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои ҷолиби Имом Ризо (а) барои тақвияти ҳофиза

Оё воқеан навъи тағзия метавонад, рӯи ҳофизаи мо таъсири мусбат ё манфӣ бигузорад?

Дар ин робита барои тақвияти ҳофиза аз имом Ризо (а) ривоёти ҷолибе нақл шуда, ки ба он ишора мекунем.

Авомиле, ки боиси ихтилол дар ҳофиза мешаванд кам нестанд. Тазъиф ё тақвияти ҳофиз  танҳо ба шакли рафтори шумо ва шеваи истифода аз он рабт пайдо мекунад. Дар "Рисолаи заҳабия" имом Ризо (а) мефармояд, касе ки мехоҳад қудрати ҳофизааш афзоиш ёбад, субҳ ношто 21 адад мавизи бедона масраф кунад.

Дар мавориди дигар дар бораи тақвияти ҳофиза омада касе ки мехоҳад, фаромӯшии худро коҳиш диҳад ва аз қудрати ҳофизаи хебн бархӯрдор шавад, бояд ҳар рӯз се қитъа занҷабили парварда дар асал (хобонда дар асал) ва оғӯшта ба хардалро ҳамроҳи ғазои рӯзонаи худ масраф кунад.

Дар баёни дигар гуфта шуда, касе ки мехоҳад, ба ақлаш афзуда шавад , ҳар рӯзи қабл аз хуруҷ аз хона, субҳи ношто се адади ҳалилаи сиёҳро бо шакри табарзад (шакари сурх) масраф кунад.

Аз ҷумлаи роҳҳои поксозии мағз бухор додан бо гиёҳони доруӣ монанди пуна, овешан, марзанҷӯш ва анфия ( дар луғат ҳар доруеро, ки ба бинӣ кашанд анфия (бӯиданӣ) гӯянд, анфия модае аст, ки барои боз шудани маҷории танаффусӣ истифода мешавад.

Бодом як ғазои давоӣ аст, ки дорои табиати гарм ва тар буда ва масрафи тӯлонимуддати он ба бадан осеб ворид намекунад ва ҳофизи қуво ва арвоҳи бадан аст ва аз муҳимтарин хавоси бодом, ҳофизи ҷавҳари димоғ (мағз) будани он аст.

Вақте қуво ё ҷирми димоғ дучор костӣ мешавад, ба таври комил қодир ба анҷоми вазоифаш нест ва тавоноии мағз коҳиш пайдо мекунад ва заъфи димоғ бурӯз пайдо мекунад.

Сардарде, ки ношӣ аз бухороти тавлид шуда дар меъда ношӣ аз ҳазми ғизо ё истишмом ё шунидани садҳо бошад такаддури  ҳавос, заъф дар тафаккур, заъф дар тахайюл ва ғайраро дар бар дорад.

Ҳар шаб ҳангоми хоб 7 адади мағзи бодоми пӯст гирифта ва бо ҳам вазнаш набот масраф шавад, ки дар тақвияти ҳофиза муассир аст.

Барчасп