Сентябр 13, 2017 09:43 Asia/Dushanbe
  • Хосияти аҷиби бодимҷон аз каломи имом Ризо алайҳиссалом

Бодимҷон ба ҳар мизоҷе созгор аст ва меъдаро тақвият мекунад.

Имом Ризо(a)  алайҳиссалом дар ин бора мефармоянд:

  لِبَعْضِ قَهارِمَتِهِ ـ : اِسْتَـکْثِروا لَنا مِنَ الباذَنـْجانِ، فَاِنَّهُ حارٌّ فى وَقْتِ الْبَرْدِ، بارِدٌ فى وَقْتِ الْحَرِّ، مُعْتَدِلٌ فِى الاَْوقاتِ کُلِّها جَیِّدٌ فى کُلِّ حالٍ؛

Ба яке аз пишкорони худ: Барои мо бодимҷон зиёд таҳия кунед, зеро дар ҳангоми сармо, гарм ва дар ҳангоми гармо, сард аст, дар ҳама вақт, муътадил ва дар ҳар ҳол, хуб аст. (тибби имомон, с.139)

Ва ҳамчунин дар ҳадисе дигар мефармоянд: Дар ҳангоми хурмочинӣ, фаровон бодимҷон бихуред, зеро, ки шафои ҳар дард аст, бар равшании чеҳра меафзояд, рагҳоро нарм мекунад ва нерӯи ҷинсиро афзун месозад. (алхисол, сафҳаи 443, ҳадиси 36)

Имом Содиқ алайҳиссалом фармуд: Бодимҷон бихуред, зеро ин гиёҳ бидуни инки ба кисаи сафро зиёне бирасонад, зуҳраро муфид хоҳад буд. Ва барои соири дардҳо дармон аст, бидуни инки муҷиби дарде бишавад.

Барчасп