Октябр 10, 2017 10:20 Asia/Dushanbe
  • Оби меваҳои табииро ҷойгузини оби меваҳои сунъӣ кунед

Зиёдарави дар истеъмоли нушиданиҳои ширин монанди шарбатҳо ва оби меваҳои сунъӣ (санъатӣ) боиси ҷамъ шудани маводи афзуданӣ ва нигаҳдоранда дар бадан мешавад.

 Дар оби меваҳои  тоза  ферментҳои муфиди бисёр зиёде вуҷуд доранд ва хосияти  оби меваҳои  табиӣ ба тоза будани он вобаста аст ва бояд пас аз обгирӣ  фаврӣ хурда  шавад.

Беҳтарин замони нушидани оби мева ҳангоми субҳ ё ним соъат пеш аз ғизо аст, зеро маводи ғизоӣ  ва витаминҳои мавҷуд дар оби мева дар ин шароит беҳтар ҷазб  мешавад.

 Аз оби меваҳои  омода  камтар истифода кунед, зеро бештари шарбатҳо ва оби меваҳои омода дорои  миқдори  зиёди шакари афзуда аст; ба ҳамин далел истеъмоли  зиёди онҳо боиси афзоиши дарёфти энергия  шуда,фардро омодаи  фарбеҳ шудан мекунад ва вазнашро зиёд мекунад.

 Оби меваҳои сунъӣ ки дорои  қанди афзуда ҳастанд, таркиби зарарнок барои саломатии дандонҳо ба шумор мераванд ва боиси вайрон шудан ва пусидагии бофти  дандон  мешаванд.

 Барои кудакони зери 6 сол нушидани оби меваҳои сунъӣ тавсия намешавад, хурдани ҳад  зиёди  оби меваҳои  тоза низ дар кудакони зери 2 сол боиси коҳиши иштиҳои онҳо барои истеъмоли  маводи ғизоӣ ва шир мешавад.

 Оби меваҳои монда ва куҳнашуда талх ва бадбуй мешавад ва бояд аз хурдани  онҳо ба шиддат парҳез кунед, зерои сабаби беморизоӣ ва бадҳозимагӣ  мешаванд.

Дар барномаи ғизоии рузона беҳтар аст аз оби меваҳои табиӣ ва тоза, ки дар хона омода  кардаед  истифода ва ба ҷои шарбатҳои сунъӣ  навъҳои хонагии онҳоро истеъмол  кунед.

Барчасп