Зарарҳои хурдани панир дар субҳона аз каломи маъсумин (а)
Имрӯзҳо панир ба унвони яке аз аркони аслии ваъдаи ғизоии субҳона дар миёни хонаводаҳои эронӣ ҷойгоҳи вижане пайдо карда аст, ба тавре, ки дар камтар хонаводае мебинӣ, ки дар тӯли ҳафта чанд бор ба унвони субҳона масраф нашавад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин рӯйкарди ғолиб, таваҷҷуҳ ба нукоте дар бораи панир ва замони саҳеҳи масрафи он зарурӣ аст. Қабл аз ҳама, ба суроғи хосиятҳое, ки Ислом барои панир баён намудааст, меравем ва низ дастури хурдани онро аз Ислом мегирем.
Имом Содиқ (а) мефармоянд: "Чӣ некӯ луқмае аст панир! Даҳонро тару тоза мекунад, бӯи даҳонро хуш месозад, ғизое пешинро ҳазм мекунад, иштиҳоовар аст. Ҳар кас онро сар ҳар моҳ бихурад, наздик аст, ки ҳеч ҳоҷати ӯ бепосух намонад".
Дар Ислом гоҳе панир ба унвони ғизои макрӯҳ муаррифӣ шудааст ва гоҳе мустаҳаб. Тавзеҳ он аст ки агар панирро бо мағзи гирдӯ (чормағз,ба русӣ орех) бихуред, мустаҳаб аст, вале танҳо хӯрдани он макрӯҳ аст. Ислом барои хурдани панир низ вақт муайян намудааст.
Панир аз он даста маводи ғизоӣ аст, ки ғизои каме дорад ва боиси суръат бахшидан ба ҳазми ғизо ва тахлияи меъда ва дар натиҷа эҳсоси гуруснагӣ мешавад, бинобар ин хурдани панир хеле зуд афродро гурусна мекунад. Дар ҳоле, ки бояд дар ваъдаи субҳона хуб ва муҷаввӣ хурда шавад то фард зуд гурусна нашавад ва битавонад ваъдаи дуввуми ғизоро ҳангоми ғуруб ба унвони шом майл кунад.
Тавсияҳои Ислом дар хурдани панир аз ин қарор аст :
Марде аз ҳазрати Содиқ (а) дар бораи хосияти панир суол намуд, ҳазрат ба ӯ фармуданд: муҷиби зарар аст ва манфиате надорад.
Ҳамон мард шомгоҳ бар он ҳазрат ворид шуд, дид бар суфрае, ки имоми шашум барои сарфи шом нишастаанд, зарфе аз панир аст. Дучори ҳайрат шуд ва гуфт: Шумо имрӯз субҳ аз панир мазаммат фармудед, ҳол ин ки бар суфра ниҳодаед.
Ҳазрат фармуданд: Субҳгоҳ хурдани панир писандида нест, аммо шомгоҳон хуб аст.
Панир саршор аз калсиюм аст, пас беҳтарин ғизо барои хоби роҳат ва амиқ ва беҳтарин ғизо дар ин вақт барои мағз, хӯрдани панир дар шомгоҳон аст.
Ислом шомгоҳонро вақти хурдани панир донистааст ва низ дастур медиҳад, ки бо гирдӯ сарф гардад ва ин ки ду намуна аз суханони пешвоёни Исломро дар ин ҷо меоварем:
Имом Содиқ (а) мефармоянд: Панир ва гирдӯ агар бо ҳам масраф шаванд, дар ҳар кадом аз он ду шифо аст ва агар ба танҳоӣ хурда шаванд, дар ҳар як дард аст.
Паёмбари Худо (с) мефармоянд: "Панир дард аст, аммо чун бо гирдӯ хурда шавад, дармон аст".